Авгурҳо
Jump to navigation
Jump to search
Авгурҳо (лот. augures) — дар Рими Қадим яке аз куҳантарин ҳайати коҳинон, ки бо роҳи фолбиниву сеҳру ҷоду ва пешгӯиҳо хости худоёнро шарҳ медоданд. Ин гуна маросимҳо, одатан, пеш аз ягон воқеаи муҳими давлатӣ доир мегардиданд.
Таърих[вироиш]
Мувофиқи ривоятҳои Рими Қадим ҳайати мазкурро Ромул – асосгузори Рими Қадим ва шоҳи аввалини он (753 – 716) таъсис додааст. Соли 300 то милод шумораи Авгурҳо 9 нафар, аз он 5 нафар плебейҳо (табақаи озоди аҳолӣ дар Рими Қадим) буданд. Дар аҳди Юлий Сезар шумораи аъзои Авгурҳо ба 16 нафар расид. Дар ҳамон замон Авгурҳо ба қонунгузории давлат таъсири калон дошт. Бо мурури замон фаъолияти Авгурҳо ба худ шакли сатҳӣ гирифт.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.