Авенир Воронов
Таърихи таваллуд | 15 (28) ноябр 1910 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 17 октябр 1992 (81 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | control engineering[d], automatic control[d][1], research and development[d][1] ва informatics[d][1] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Авенир Аркадевич Воронов (15 (28) ноябри 1910, Ораниенбаум, губ. Санкт-Петербург — 17 октябри 1992, Маскав) — олими шӯравӣ дар соҳаи назарияи идоракунии автоматӣ. Академики АИ ИҶШС (1970).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти политехникии ш. Ленинград (1938). Аз соли 1939 то 1946 хидмат дар сафи Артиши Сурх. Аз соли 1946 устоди Омӯзишгоҳи олии техникии Маскав ба номи Бауман, аз соли 1948 корманди Институти автоматика ва телемеханика (ҳозира Институти муаммоҳои идоракунӣ), 1955-64 муовини директори Институти электромеханикаи АИ ИҶШС, аз солҳои 1964-70 директори Институти масоили идоракунӣ, аз соли 1970 директори Институти автоматика ва масоили идоракунии Маркази илмии АИ ИҶШС дар Шарқи Дур. Солҳои 1958-64 дар Институти политехникии Ленинград ва аз соли 1966 дар Институти радиотехника, электроника ва автоматикаи Маскав дарс медод. Аз соли 1980 ба Институти таҳлили системавии АИ Русия (ВНИИСИ) баргашта, шуъбаи информатика, техникаи ҳисоббарор ва автоматикунониро таъсис дод. Авенир Воронов усулҳои таҳқиқи динамикаи равандҳоро дар системаҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ пешниҳод ва усулҳои синтези таҷҳизоти ҳисобкунии рақамиро барои идоракунии барномавӣ таҳия кард; якҷо бо шогирдон усулҳои басомадии моделониро, ки барои интихоби мувофиқи системаҳои коркарди иттилоот имкон медиҳанд, инкишоф дод.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1988). Бо ордени Байрақи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Основы теории автоматического управления, М., 1981;
- Теория автоматического управления, М., 1986;
- Оптимизация структур данных в АСУ, М., 1988.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воронов Авенир Аркадевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 28 ноябр
- Зодагони соли 1910
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 17 октябр
- Даргузаштагони соли 1992
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо