Авесто (меҳмонхона)
«Авесто» — меҳмонхона дар Душанбе. Соли 1984 аз рӯи лоиҳаи Институти тадқиқотии илмии лоиҳакашии Тоҷикистон ҳамчун хобгоҳи Курсҳои ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони ҳизбӣ ва шӯравӣ бо номи «Октябр» (меъморон: В. Безлаковский, Л. Прякина, Л. Мареева муҳандис – конструкторон Ф. Афанасева, М. Гибадулина ва А. Смайлов) сохта шудааст. Бинои меҳмонхонаро гулгашти васеъ, ки маҷмааи кинову консертии «Кохи Ваҳдат»-ро низ фаро гирифта, ба шоҳроҳи шаҳр мебарояд, иҳота кардааст. Даромадгоҳи асосии меҳмонхона аз тарафи шимол воқеъ аст, ки гулгашти начандон васеъ дорад. «Авесто» бинои панҷошёна буда, аз хишти пухта сохта шудааст ва атрофаш бо панҷара маҳкам аст. Намои асосии «Авесто» ба тарафи хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ нигаронида шудааст, ки айвонҳои мудаввар дорад ва ошёнаи якумаш бо санги хорои қаҳваранг рӯйкаш шудааст. Меҳмонхона дорои тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва ғ. мебошад. Қисми зисти «Авесто» аз 119 ҳуҷраи гуногунҳаҷм иборат аст, ки дар он тамоми унсурҳои шароитҳои меҳмонхонаҳои пойтахти муосир мавҷуданд. Микроиқлими ҳуҷраҳои зист ба тавассути кондитсионери марказӣ, ки дар таҳхонаи «Авесто» ҷойгир аст, нигоҳ дошта мешавад. Миёнасаройи асосӣ ва толорҳо бо сангҳои асили хокистарранги ҷилодор рӯйкаш шудаанд. Равшанӣ ба тамоми толорҳои панҷ ошёна паҳн мешавад ва ҳамчун меҳвари композитсионӣ ба назар мерасад. Витражи бисёрранга ба шакли расми калони росткунҷаи мунаққаш хеле муассир аст. Зимнан, витражҳои аз шишаҳои рангаи моеъ рехташуда ҳамаи толору миёнасаройро оро дода, композитсияи бисёрсужетаро ба вуҷуд овардаанд, ки дар манзараи якрангаи атроф хеле мақбул аст. Ғайр аз воситаҳои ороишии зикршуда овезаҳои барҷастаи аз гач сохташудаи сақф низ нақши бадеиву эстетикӣ доранд. «Авесто» на танҳо хоҷагии меҳмонхонадории ш. Душанберо пур мекунад, балки симои хиёбони асосии пойтахт – хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро низ зебу оро медиҳад.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.