Авзои рӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авзои рӯҳӣ, ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ, ки муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору фаъолияти ӯ инъикос меёбад. Авзои рӯҳӣ ҳолати умумии эмотсионалии инсон (хурсандӣ, ғамангезӣ, болидатабъӣ, беҳолӣ ва ғайра) буда, ба дигар зуҳуроти психикӣ тобиши муайян мебахшад. Авзои рӯҳӣ бо шароиту лаҳзаҳои ҳаёти воқеӣ алоқаманд буда, метавонад нисбатан устувор бошад ва муносибати умумии инсонро ба ҳаёт тавсиф диҳад: ба як гурӯҳи одамон авзои рӯҳии болида, зиндадилона хос аст, гурӯҳи дигар майл ба ғаму ғуссахӯрӣ, дилтангӣ, маъюсию зиққӣ доранд. Авзои рӯҳӣ стеникӣ (фараҳбахш) ва астеникӣ (ғамангез) мешавад. Авзои рӯҳӣ туфайли шароитҳои ҳаётии инсон, барору нобарориҳои ӯ ҳангоми иҷрои фаъолиятҳо, ҳодисаҳои воқеияти иҳотакарда ва дар баъзе вазъиятҳо дар натиҷаи ҳолати ҷисмонии инсон (тандурустӣ, хастагӣ, мондашавӣ ва ғайра) ба амал меояд. Устувории авзои рӯҳӣ аз вазъиятҳои водоркунанда ва аҳами­яти онҳо барои инсон вобаста аст. Сабабҳои авзои рӯҳӣ баъзан фаҳмида намешаванд ва авзои рӯҳӣ дар чунин ҳолатҳо гӯё бесабаб рух медода бошад, вале он аслан бо сабабҳои муайян рӯй медиҳад. Бо сабабҳои воқеӣ рӯй додани авзои рӯҳӣ имконият ва зарурати худдорӣ ва идора кардани онро истисно намекунад. Маҳорати идора намудани авзои рӯҳии худ барои шахсоне, ки ба тарбияву таълими насли наврас машғуланд, ниҳоят муҳим ва зарур аст. Худдорӣ карда натавонистан, одати мувофиқи авзои рӯҳии бади худ бо атрофиён, хусусан кӯдакон муносибат кардан на танҳо ба равони (психика) осебпазири онҳо таъсир мерасонад, балки барои ӯ намунаи номатлуби рафтор шуда мемонад. Авзои рӯҳии болида ва фараҳнок метавонад ба қобилияти кории одам (масалан, дар азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён), инчунин дар муносибати байниҳамдигарӣ бо атрофиён ва ғ. таъсири мусбат расонад. Зуҳуроти муносибати бодиққатона ба авзои рӯҳии инсон, ба вуҷуд овардани шароитҳое (бо назардошти хусусиятҳои хоси инсон), ки ба авзои рӯҳии гуворову хуш ва болида мусоидат мекунанд ва инчунин мубориза бо авзои рӯҳии манфӣ ва баду ногувор лаҳзаҳои муҳимтарини тарбия мебошанд. Фаъолият ҳангоми авзои рӯҳии фараҳбахш нисбат дар ҳолати хиратабъӣ қарор доштан самарабахш­тар аст. Калавиши бесабаби авзои рӯҳӣ метавонад асоси патологӣ дошта бошад ва он аз чунин хусусиятҳои шахс, ба монанди изтиробнокии баланд, ноустуворӣ, хурӯшонтабъии инсон ва ғ. вобаста аст (М. Давлатов).

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]