Авраҳон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авраҳон, мастак (Lolium cuneatum) — гиёҳест худрӯйи хӯшадор. Пояаш рост (20 – 30 см қад мекашад). Баргаш сабз (бараш 5 – 6 мм), бепашмак; монанди барги гандум аз банд (буғум)-и поя месабзад. Хӯшааш дароз (10 – 30 см); хӯшачааш 3 – 9-гула (моҳҳои май – июн гул карда, дон мебандад). Авраҳон бештар дар чарогоҳи баҳоронаи доманакӯҳ, пиставу бодомзори табиӣ (600 – 1700 м баландтар аз сатҳи баҳр), саҳро, замини обӣ ва лалмӣ мерӯяд. Алафи бегонаи ғаллазор (махсусан кишти гандум, ҷав, сулӣ, ҷавдор) аст. Хӯшаву дони авраҳон аз занбӯруғча (Stromatinia temulenta) зарар мебинад; ин гуна хӯшаву дон заҳрнок мешавад. Гифҳои занбӯруғча дар зери пӯсти дон инкишоф ёфта, темулин ном моддаи заҳрнок ҳосил мекунанд (доне, ки занбӯруғча надорад, заҳрнок нест). Темулин асабияи марказиро фалаҷ, нафаскаширо номураттаб, ҳарорати баданро паст, мушакҳо ва қувваи босираро суст мекунад; чорвои аз Авраҳон заҳролудшуда дар натиҷаи қатъи нафасгирӣҳалок мегардад. Чорво (гов, гӯсфанд, асп), одатан, аз ему хошоке, ки бо хӯшаву дони занбӯруғдори авраҳон омехта шудааст, заҳролуд мешавад. Орди гандуму ҷав ҳам аз дони иллатноки авраҳон талх ва барои одаму ҳайвон заҳрнок мешавад; қай, исҳол, дарди шикам, ҳисси «мастӣ» («мастак» ном гирифтани Авраҳон низ аз ҳамин ҷост), садо додани гӯшҳо ва ғайра аломатҳои заҳролудианд. Муайян кардаанд, ки дони авраҳон моддаҳои ҳаётан фаъоли биологӣ, аз ҷумла 0,2 – 0,5% алкалоидҳои гуногун (лолин, лолидин, лолинидин, лолинин, нормлолин ва ғайра) дорад. Баъзе хелҳои Авраҳонро чун рустании хуби хӯроки чорво (масалан, ҷавдарак) дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон кишт мекунанд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт.: Синковский Л. П., Сидоренко Г. Т., Основные ядовитые и вредные растения пастбищ и сенокосов Таджикистана, Д., 1968; Юнусов С. Ю., Алкалоиды, Ташкент, 1981; Биологический энциклопедический словарь, М., 1986; Ботаника. Энциклопедия «Все растения мира», М., 2006.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]