Ҷав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ҷав
Hordeum vulgare

Ҷав (Türk.Arpa), гиёҳест яксола. Пояаш то 30 – 90 см қад мекашад. Хӯшааш дароз, сукдор (баъзан бесӯк мешавад); донаш дарозрӯяи зард, бунафш, сиёҳ, сабзтоб ва дорчинӣ. Ҷав аз ҷумлаи ғалладонаҳои қадимист. Дар таркиби он сафеда, ангиштоб, клетчатка, равған, ферментҳо ва витаминҳои В, D мавҷуданд. Сафедаи Ҷав нисбати сафедаи гандум серғизо аст. Аз дони Ҷав ярма мекашанд, ордашро ба орди гандум ҳамроҳ карда нон мепазанд. Ҷав ашёи хоми саноати пивопазӣ мебошад. Дар тибби қадим ба сифати даво ярма, орд ва оби ҷавро истифода мебурданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино Ҷав ҷисмро тоза мекунад. Оби Ҷав ҳангоми бемориҳои узвҳои қафаси сина муфид аст. Агар онро бо тухми розиёна омехта нӯшанд, ширро зиёд мекунад. Оби Ҷав ҳамчунин давои хуби табфарор буда, ҳангоми табларзаи пурҳарорат онро танҳо ва дар мавриди табларзаи сард бо ҷаъфарӣ ва розиёна менӯшанд. Пӯсти дони Ҷав пешобро меронад. Марҳами гарми он доғи кунҷидакро меравонад. Аз Ҷав, биҳӣ ва сирко даво тайёр карда ба ниқрис мебанданд. Табибони халқӣ дон, ярма ва орди Ҷав-ро истифода мебаранд. Ҷӯшоби орди Ҷав нармиовар ва балғамрон буда, барои бемории диабети қандӣ ва илтиҳоб муфид аст. Бо ин мақсад 20 г дони Ҷав-ро дар як истакон об 4 – 5 соат тар карда, баъд 10 дақ. меҷӯшонанд ва меполанд. Онро рӯзе 4 – 5 маротиба пеш аз хӯрок 2 – 3 чумча истеъмол кардан лозим аст. Ба ақидаи табибони халқӣ агар Ҷав-и муқашшарро то муҳарро шуданаш дар об ҷӯшонда, сипас он обро хунук карда биёшоманд, фишори баланд ва ҷӯшиши хунро паст мекунад, табҳоро шифо мебахшад, сиёҳӣ задани чашмро дафъ мекунад, дар бадан хуни солим пайдо менамояд. Орди Ҷав-ро гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад, пучакҳоро мекафонад; онро бо кӯфтаи тухми тугмачагул даромехта гузошта банданд, варамҳои зери бағал, сина, пистон, баногӯшро мегардонад. Орди Ҷав-ро соида, бо оби биҳӣ хамир сохта гузошта банданд, ниқрисро шифо мебахшад; агар бо оби кашнизи тар хамир карда гузошта банданд, ханозер ва варамҳои сахти гармро рафъ месозад. Ҷӯшоби сумалаки ҷав дар пардозгарӣ, инчунин бо мақсади рафъи илтиҳоб васеъ истифода мешавад. Онро ин тарз тайёр мекунанд: 1,5 – 2,0 кг сумалакро дар сатили сирдор андохта, 8 – 10 л оби ҷӯшомада илова мекунанд ва 20 – 30 дақ. дар оташи паст меҷӯшонанд. Сипас онро аз дока мегузаронанд. Қабл аз қабули обзан онро дар оби гарм ҳал кардан лозим аст. Ҷавҳари сумалаки Ҷав, ки аз дони нешзадаи хушконида таҳия карда мешавад, барои табобати касалии қанд нафъ дорад. Дар тибби муосир Ҷав ба сифати парҳезона васеъ истифода мешавад. Аз ярмаи Ҷав ҳангоми қабзият ва фарбеҳӣ ғизои парҳезӣ омода месозанд.[1].

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.