Австон
Зоҳир
Австон | |
---|---|
Зодрӯз | асри IV то м. |
Австон (юн. Austanes, ? — 329 то мелод) — сипаҳсолори бохтарӣ, ҷонибдори Спитамен, роҳбари муборизаи мардумӣ бар зидди ҳамлаи сипоҳиёни Искандари Мақдунӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Квинт Курсий — таърихнигори Юнони Қадим, шоҳиди воқеоти ҷангҳои Искандар — Австонро дар радифи ёрони Спитамен ва Катон борҳо ёд кардааст. Тобистони соли 327 дар Парайтакен (ба эҳтимоли қавӣ Қаротегин ё Хутталон бояд бошад) шӯриши навбатӣ ба зидди Искандар таҳти роҳбарии Катон ва австон авҷ гирифта буд; Искандар алайҳи онҳо сипаҳсолори ботаҷриба ва ниҳоят бераҳми худ Кратерро фиристод. Ниҳоят Катон дар корзор кушта шуд ва австон асир афтода бо фармони Искандар ба қатл расид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Австон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.