Қаротегин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Қаротегин
Кишвар
Ҷойгир аст дар назди обанбори Вахш
Қаротегин дар харитаи
Қаротегин
Қаротегин

Қаротегин — номи таърихӣ (тоинқилобӣ)-и ноҳияи куҳист, ки дар ҳавзаи дарёи Сурхоб (болооби Вахш), байни қаторкӯҳҳои Қаротегин (аз ғарб), Зарафшону Олой (аз шимол), Паси Олой (аз шарқ) ва Пётри Якум (аз ҷануб) воқеъ гашта аст.

Ҳоло дар ҳудуди Қаротегин пурра ноҳияи Рашт ва қисми ноҳияҳои Нурободу Лахш ҷойгир шудаанд. Маҳалҳои калони аҳолинишини Қаротегин Ғарм, Шулмак, Ҷиргатол буданд.

Таърих[вироиш]

Дар маъхазҳои таърихии арабӣ ин ноҳия бо номи Рашт ёдоварӣ шудааст. Аз давраи Темур ва Темуриён дар сарчашмаҳо бо номи Қайртегин ва баъдтар Қаротегин вомехурад. Дар Қаротегин аз қадим тоҷикон зиндагӣ мекарданд. Моҳи раҷаби соли 1045 (декабри 1635— январи 1636) қариб 12000 хонаводаи қирғиз ба воситаи Қаротегин ба Ҳисор гузаштанд ва аз эҳтимол дур нест, ки қисме аз онҳо дар ин ҷо маскун шуда бошад.

Аз солҳои 70 садаи XIX таъсири аморати Бухоро дар ин ҷо пурзур гашт. Баъди ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шудани баъзе ноҳияҳои шимоли аморати Бухоро бо ёрии ҳукумати Русияи подшоҳӣ ҳамаи давлатчаҳои мустақили Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла Қаротегин ба аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуданд. Баъди аз тарафи Артиши Сурх торумор карда шудани дастаҳои амир дар Бухорои Шарқӣ 23 марти 1921 дар Қаротегин Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид, вале аз сабаби пурзур шудани фаъолияти босмачиён то миёнаҳои соли 1923 Қаротегин дар амал дар дасти босмачиён буд. 19 июли 1923 маркази маъмурии Қаротегин — Ғарм аз тарафи қисмҳои Артиши Сурх ва фидоиёни маҳаллӣ озод карда шуд.

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Маджлисов А., Каратегин накануне установления Советской власти, Сталинабад, 1959.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.