Автовокзали Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Автовокзали Душанбе (ҳозира Азия Экспресс Терминал)

Автовокзали марказии шаҳри Душанбе — автовокзал дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон, ки соли 1976 сохта шудааст[1].

Он дар Осиёи Миёна аз нигоҳи сохтмон нодир ва калонтарин иншоот ҳисоб ёфта, аз ин ҷо ба аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рафтуомади нақлиёт сурат мегирифт. Соли 2007 бинобар хусусигардонии Терминали мусофиркашии шаҳри Душанбе ҶММ «Автовокзали Душанбе» таъсис ёфт. Он (2010) дорои 24 хатсайр буда, дар як шабонарӯз ба 10 ҳазор мусофир хидмат мерасонад. Автовокзал бинои маъмурӣ, шуъбаҳои хидматрасонӣ, толори мусофирон барои 1200 кас, толори истироҳати ронандагон барои 180 кас, шуъбаи алоқа, нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, нигоҳдошти борҳои дастӣ, ҷойи дастурӯшӯӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, қаҳвахона, ошхона ва нуқтаҳои хидмати маишӣ дорад. Дар автовокзал 32 нафар коргар, 65 нафар ронандаи нақлиёти мусофиркаш ва 56 нафар соҳибкор фаъолият доранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Хайдар Шодиев. Душанбинский автовокзал. Вчера, сегодня, завтра. old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (15 феврали 2012). 13 феврали 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]