Jump to content

Авшон (навъи ангур)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Авшон (навъи ангур), аршон, афшон — навъе аз ангурҳои маҳаллии пешпазак, ки дар хоҷагиҳои Хуҷанду Конибодом парвариш мекунанд.

Селексияи халқӣ. Токаш миёнасабз, баргаш панҷпарраи мудаввар, канорҳояш ба боло тоб хӯрдаанд. Гулаш якҷинсаи модина; барои хуб гардолуд шудани он навъҳои Чиллагии сафед ва Дороии сурх аҳамияти калон доранд. Хӯшааш миёнаҳаҷм (вазнаш 180—230 г), махрутшакл (дарозиаш 15 — 17, бараш 10 — 12 см). Ғужбаш зич (вазни 100-тоаш 195—215 г), лӯнда ё дарозрӯя, сабзи сафедтоб; ғужмаш маҳин ва шаффоф. Гӯшташ хамираки карсосӣ, ширин ва хуштамъ. Ҳангоми кандан бинобар сустии думчааш қисми зиёди ғужмҳо мерезанд («афшон» ном гирифтанаш низ аз ҳамин ҷост). Меваи пухтагиаш 16 — 17 % қанд, 3,5 — 4,2 г/л туршӣ дорад. Даври нашваш 105—110 рӯз. Ниҳолаш баъди 2 — 3 соли шинондан самар меорад. To oxири тирамоҳ 80 — 85 фоизи нартҳояш мерасанд. Навдаҳои аз буғумҳои поёнӣ ва миёна (аз буғумҳои 2 то 12) сабзида самари бештар медиҳанд.

Барои гирифтани ҳосили фаровон ва хушсифат авшонро бо навъҳои Чиллагии сафед ва кишмиши сиёҳ якҷоя парвариш кардан мувофиқи мақсад аст. Барои ба ҷойҳои дур кашондан ва мавиз кардан мувофиқ нест. Авшонро бештар сокинони шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, инчунин дар хоҷагиҳои Хуҷанду Конибодом парвариш мекунанд. Авшони хуҷандӣ ва авшони хӯшакалон бештар маъмуланд. Токаш аз сармо ва касалиҳои занбӯруғӣ (ҷел ва қарасон) зарар мебинад.

  • Токпарварӣ, Сталинобод, 1948;
  • Ампелография СССР. Малораспространенные сорта винограда, т. I, М., 1963.