Ангур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Close up grapes.jpg

Ангур, инаб, раз — меваи ток, ки таъми ширин ва гуворо дорад.

Таърих[вироиш]

Ангур аз замонҳои қадим (энеолит) маълум аст. Навъи мазрӯъи онро бори аввал дар Осиёи Пеш, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд, Закавказия, Эрон, Афғонистон ва ғайра парвариш кардаанд. Ба ин гуфтаҳо маъхазҳои хаттӣ, мусаввараҳо, ҳайкалҳо, инчунин бозёфтҳои ҳафриётии тухми ангур гувоҳӣ медиҳанд.

Навъҳо[вироиш]

Дар ҷаҳон беш аз 20 ҳазор навъи ангур, аз ҷумла 8 ҳазор навъи мазрӯъи он маълум аст.

Дар Тоҷикистон[вироиш]

Дар Тоҷикистон 236 навъ, аз ҷумла 193 навъи маҳаллии ангур парвариш карда мешавад, ки аз ҳамдигар бо хосиятҳои ботаникию биологӣ фарқ мекунанд.

Таснифот[вироиш]

Ангурро аз ҷиҳати мӯҳлати пухтан ба пешпазак, миёнапазак, дерпазак, аз ҷиҳати ҳосилнокӣ ба камҳосил ва серҳосил, ҳамчунин аз рӯи тобоварӣ ба касалию зараррасонҳо, хушкитобоварӣ, сармобардорӣ ва ғайра ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо мекунанд. Илова бар ин, ангуро вобаста ба аҳамият шартан ба навъҳои хӯрданбоб (барои тару тоза истеъмол намудан), шаробӣ (барои истеҳсоли май, шампон, коняк ва ғайра), техникӣ (барои истеҳсоли афшура, нӯшокӣ, ангуроб, мураббо ва ғайра), мавизбоб, пайвандӣ, ороишӣ ва ғайра ҷудо менамоянд. Чунин таснифот имкон медиҳад, ки аз ангур маҳсулоти хушсифат истеҳсол карда шавад. Баъзе навъҳои мавизбобро барои истеҳсоли май ва тархӯрӣ истифода бурдан, ҳамчунин навъҳои хӯрданбобро хушкондан ё аз он май, афшура, ангуроб тайёр кардан мумкин аст.

Таркиб[вироиш]

Дар таркиби ангури тару тоза то 30 % қанди зудҳазм (асосан глюкоза, фруктоза) ва каме сахароза ҳаст. 1 кг ангури тару тоза, ки дар таркибаш 17 % қанд ҳаст, ба организми инсон сеяки миқдори ғизои якрӯзаро медиҳад. Ангур чун ғизои парҳезӣ, муқаввӣ махсусан ба кӯдакон, ашхоси аз беморӣ нав шифоёфта ва машғули кори вазнин тавсия дода мешавад. Тақрибан 0,5 — 1,5 фоизи таркиби ангурро кислотаҳои органикӣ — тартрат, ҷавҳари себ, лиму, оксалат, формиат, глюкирон, каҳрабо, ванилин ва ғайра ташкил медиҳанд. Онҳо хунро тоза карда, ба шираи меъда таъсир мерасонанд, ҳазми хӯроки серсафеда, таҷзияи баъзе намакҳоро таъмин намуда, ба пайдоиши санги гурда монеъ мешаванд. Дар таркиби ангур намакҳои маъданӣ ва микроэлементҳои фаъоли калий, калсий, натрий, фосфор, манган, оҳан, кобалт ва ғайра фаровон аст (онҳо мубодилаи моддаҳоро дар организм танзим ва қобилияти кории онро таъмин менамоянд). Ангур манбаи витаминҳои барои организм зарур — A, С, Р, В ва ғайра мебошад. Витамини Р хастагии организмро бартараф карда, бемории дилу рагро пешгирӣ мекунад. Он барои одамони гирифтори касалиҳои гурда, тарбод, бемориҳои сироятӣ муфид аст, якҷоя бо витамини С ба инкишофи тафаккури кӯдакон таъсири мусоид расонда, ба саломатии ашхоси солхӯрда нафъ мебахшад.

Ғизонокӣ[вироиш]

Аз ҷиҳати ғизонокӣ 1 л афшураи ангур ба 1,7 л шир, 650 г гӯшти гов, 1 кг моҳӣ, 300 г панир, 500 г нон, 3 — 5 дона тухм, 1,2 кг картошка, 3,5 кг помидор, 1,5 кг себ, нок ё шафтолу баробар аст. Бинобар ин, ангурро аз қадимулайём барои муолиҷаи касалиҳои гуногун истифода мебаранд. Дар «Махзану-л-адвия»-и Муҳаммад Ҳусайн ибни Муҳаммади Оқилӣ омада, ки «…Беҳтарин навъи он сафеди расидаи ширини шодоби бузургдона аст, ки пӯсташ нозук, тухмаш хурд ва донаҳояш дар миқдор баробар бошанд… Ангур беҳтарини меваҳост дар ғизоият ва тавлиди хуни солеҳ ва ба эътидоловарандаи мизоҷҳои ғализ ва софкунандаи хун ва дафъкунандаи моддаҳои савдоӣ ва эҳтироқия (сӯхташуда, вайроншуда) аст… Ба меъдаи рутубатноки бухордор зарар оварда, дар он бухорро меафзояд. Аз болои ангур хӯрдани оби сард бағоят фасодовар аст ва боиси истисқо ва табҳои афин мегардад… Ангуре, ки ду рӯз монда бошад, ҷиҳати дардҳои меъда ва рӯдаҳо ва гурдаю масона беҳтар аст… Ангури норас ва ғӯра афис (баҳамкашандаи даҳон), сард буда, қувваи қобиза дорад…».

Хосияти шифоӣ[вироиш]

Дар нимаи дуюми асри 19 таркиби химиявии ангур ҳаматарафа омӯхта шуд ва соҳаи нави тиб — ампелотерапия асоси илмӣ пайдо кард. Ангурро бештар барои табобати бемориҳои рӯҳӣ, хастагии ҷисмонӣ, камхунӣ, лоғарӣ, иллатҳои дилу гурда ва шуш тавсия медиҳанд. Истеъмоли ангур барои паст кардани ғалаёни хун, балғамронӣ, муолиҷаи полиартрит, сил, тарбод ва зиқи нафас муфид аст.

Дараҷаи истеъмоли ангур дар кишварҳои гуногун[вироиш]

Дараҷаи истеъмоли ангур дар мамлакатҳои гуногуни дунё якранг нест. Macалан, соле ба ҳар сари аҳолӣ дар Сурия, Урдун беш аз 40 кг, Булғория, Юнон, Туркия ва дигар мамолики Шарқи Наздик ва Осиё Марказӣ 15 — 30 кг, дар Италия, Испания, Португалия, Аргентина, Руминия, Венгрия, Франсия, ИДМ 4 — 10 кг ангур рост меояд. Дар баъзе мамлакатҳо — Урдун, Юнон, Туркия, Англия, ИМА, ҳамчунин Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон мавизро бештар истеъмол мекунанд.

Саноати майкашӣ[вироиш]

Ангур ашёи хоми саноати майкашист. Дар Тоҷикистон аз ангур майҳои «Изабелла», «Помир», «Тоифӣ», «Барно», «Шаҳринав», «Душанбе» истеҳсол карда мешаванд. Партовҳои онро низ бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд: аз тифолаи ангур спирти этил, сирко, кислотаи тартрат, дурдаи май ва ғайра, аз тухми он равғани ангур, аз тагас моддаҳои даббоғӣ мегиранд. Ғужми ангурро барои хӯроки чорво ё якҷоя бо оҳак чун нурӣ истифода мебаранд.

Парвариши ангур дар Тоҷикистон[вироиш]


Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд: пешпазак — Чиллагии сафед, Зарифӣ, Ҳисории пешпазак; миёнапазак — Кишмиши сиёҳ, Кишмиши хушрӯ, Кишмиши сафед, Ҳусайнии сафед, Қароҷанҷол, Султонӣ, Шакарангур, Анзоб; миёнапазак — Тоифии сурх, Нимранг; шаробӣ — Саперавӣ, Ркатсителӣ, Мускати сурх, Тавкверӣ, Тербаш, Тагобӣ, Морастел, Рислинг, Алиатико, Алиготе, Расмӣ, Кӯлҷонӣ, Пинос, Сиёҳ, Каберне-Совинон ва ғайра.

Минбаъд парвариши навъҳои Чиллагии хуҷандӣ, Сурхаки китобӣ, Мускати тоҷикӣ, Боботоғ, Миёна, Мухчалонӣ, Сангвор, Ҳусайнии сурх, Зебо, Кадуҳусайнӣ, Кишмиши сурх васеъ ба роҳ монда мешавад. Дар шароити Тоҷикистон ангур 20—25 дарсад қандҳои табобатӣ ҷамъ меоварад[1].

Дар сарзамини тоҷикон анвои зиёди ангур парвариш мешаванд, ки ба ҳар яки онҳо боғбонҳо номҳои аҷиб гузоштаанд. Чунончӣ,

Дар навоҳии вилояти Суғд навъҳои кадуҳусайнӣ, ҳусайнии дандони шутур, чиллагии сафед, васарга, биҳиштӣ, думи рӯбоҳ, ругундӣ, дили кафтар, сари ангушт, султонии сафед, алиток, маскаи сиёҳ, тагобӣ, обаки сиёҳ, чашми говак, шибирғонӣ, чиллагии сиёҳ ва амсоли инҳо парвариш мешаванд.

Ангурро барои зимистон ва баҳор низ дар хонаҳои махсус нигаҳ медоранд. Дар деҳаҳои шимоли водии Ҳисор, ки мардумаш ба ангурпарварӣ шуғл доранд, ангурро дар моҳи октябр, пеш аз сардиҳо мечинанд. Дар ҳар ҳавлии боғдорон ҳуҷрае бо номи «ангурхона» мавҷуд аст, ки дар он хӯшаҳои ангурро ба торҳои аз шифт ба поён овезон мебанданд. Пеш аз он ки ангурро ба шифти хона овезанд, аввал дар офтоб чанд соат мегузоранд, то ки думчаи тараш пажмурда шавад. Дар Қаротегин ангурҳоро дар мехҳои хонаи ҳавояш на он қадар сард меовехтанд ва то фасли баҳор ангурҳо дар он ҷо беосеб меистод. Дар шабҳои сарди зимистон дар тағорае лахчаи ангиштро мегузоштанд, то ки ангурҳоро сармо назанад[2].

Нигористон[вироиш]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Ангур - манбаи саломатӣ, ғизо ва даромад. www.jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 8 августи 2018 санҷида шуд.
  2. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. — Душанбе, 2014. — С. 18 — 22.

Адабиёт[вироиш]

  • Ампелография СССР, т. 1, М, 1965;
  • Мержаниан A. С., Виноградарство, М., 1967;
  • Пелях М. А., Справочник виноградаря, М., 1982;
  • Смирнов К. В. (ва диг.), Виноградарство, М., 1987;
  • Энциклопедия виноградарства, Кишинёв, 1987;
  • Коваль Н. М., Настольная книга виноградаря, Киев, 1995;
  • Виноградарство и виноделие, Киев, 1997;
  • Сортовое районирование, Д., 2000.

Сарчашма[вироиш]