Агентии Порс
Зоҳир
«Агентии Порс», нахустин агентии иттилоотии мустақил дар Ҷумҳурии Исломии Эрон. Соли 2003 таъсис ёфтааст. Роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти имрӯзаи Эрон – сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоъ, ҳуқуқ, умури ҳарбӣ, варзиш ва ғайра ахбор пахш мекунад. Хабарҳо ба форсӣ (аз соли 2005 ба забони англисӣ низ) пахш мешаванд. «Агентии порс» ҳамчунин матолиби таҳлилӣ ва мусоҳиба бо ашхоси маъруф ва босалоҳиятро омода менамояд. Хабарҳо аз тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар чор сомона пахш мегарданд. «Агентии порс» дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон (аз соли 2009) намояндагӣ дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.