Jump to content

Эрон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷумҳурии Исломии Эрон)
Ҷумҳурии Исломии Эрон
ایران
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «سرود ملی ایران» (слушать )
Рӯзи истиқлолият (аз соли 3200 пеш аз милод)
Забони расмӣ Забони форсӣ
Пойтахт Теҳрон
Шаҳри калонтарин Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон, Караҷ, Табрез, Шероз, Аҳвоз
Идораи давлат Ҷумҳурии Исломӣ
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ
Раиси Ҷумҳурии Исломӣ
Саид Алӣ Хоменеӣ
масъуд пизишкиён
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
17-ум ҷой дар ҷaҳон
1,648,195 км²
0.7 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2016)
  • Зичӣ
18-ум ҷой дар ҷaҳон
80 629 882[1]
44 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2012)
  • Ба сари аҳолӣ
15-ум ҷой дар ҷaҳон
952,600 млрд $
13 800 $
Пули миллӣ Рийоли Эронӣ
Интернет-Домен .ir
Коди телефон +98
Соат UTC +3.30
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Эрон (форсӣ: ایران‎) — кишваре форсизабон дар ҷануби ғарбии Осиё ва дар минтақаи Ховари Миёна.

Номи расмии он Ҷумҳурии Исломии Эрон ва пойтахташ Теҳрон аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст ва бар пояи саршумории соли 2016 дар ин кишвар 80 629 882 тан бошанда[1] буда ва ҳарсола зиёда аз 1 млн. тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.

Эрон дар шимол бо Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон, дар шарқ бо Афғонистону Покистон ва дар ғарб бо Туркия ва Ироқ (Курдистон) марзи заминӣ дорад. Ҳамчунин дар шимол дар Баҳри Каспий ва дар ҷануб дар Халиҷи Форс ва Баҳри Уммон марзи дарёӣ дорад. Ин се дарё аз муҳимтарин манотиқи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон ҳастанд.

Низоми сиёсии Эрон бар пояи Қонуни Асосии мусавваби 1979 (бознигарии 1989) поярезӣ шудааст. Болотарин мақоми расмии Эрон пас аз инқилоби соли 1979, Вилояти фақиҳ аст, ки акнун дар ихтиёри Саид Алӣ Хоманаӣ аст. Ислом дини расмӣ ва ташаюъ мазҳаби расмӣ ва форсӣ забони расмии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Эрон ҳамчун сарзамин ва миллат пешинае куҳан дорад ва яке аз таърихитарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.

Эрон аз барои ҷой гирифтан дар минтақаи миёнии Авросиё ҷойгоҳе роҳбурдӣ дорад. Ин кишвар аз аъзои Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони Конфаронси Исломӣ, ОПЕК ва ЭКО аст. Эрон қудрате минтақаӣ дар ҷанубу ғарбии Осиё аст ва аз барои доштани санъати нафт, санъати кимиёнафтӣ ва гази табиӣ ҷойгоҳи муҳимеро дар иқтисоди ҷаҳонӣ барои худ ба даст овардааст.

Таърих

Мақолаи асосӣ: Таърихи Эрон

Куҳантарин ёдкард аз ҷойноми Эрон дар «Авесто» ба гунаи «Airyanəm vaējah vaŋhuyå dāityayå» нигошта шуда ки баргирифта аз номи мардуми ҳиндуэронии бостон — «arya» аст. Дар порсии бостон ин ҷойном «*aryānām waiǰah» будааст ва дар порсии миёна «Ērān-wēz» гаштааст ва дар адабиёти суғдӣ низ ба гунаи «Aryānwēžan» омадааст. Дигар бор ин ҷойном дар «Авесто» ба гунаи «airyanəm dahyunəm» — «деҳаҳои ориёиҳо» омада ки «деҳа» дар инҷо ба маънии «сарзамин» ва «кишвар» аст.

Дар замони подшоҳии Ҳахоманишиён (550—327 пеш аз милод) истилоҳи «Aryānam Dahyunam» ҷояшро ба истилоҳи «Aryānam Xšaθram» — «подшоҳии ориёиҳо» дод ва дар замони подшоҳии Ашкониён (250 п.м. — 224 м.) ин сарзаминро «Aryānšaθr / Aryānšahr», яъне «Ориёншаҳр» – «подшоҳии ориёиҳо» мехонданд ва «шаҳр» дар инҷо ба маънии «подшоҳӣ» ва «кишвар» аст, ки ҳануз ҳам дар вожаҳои «ҳамшаҳрӣ» ва «шаҳрванд» бар ҷой мондааст.

Дар замони подшоҳии Сосониён (224—651 м.) ин сарзаминро «Erānšahr» мехонданд, ки баргирифта аз истилоҳи авестоии «Airyānam Xšaθram», яъне «подшоҳии ариёҳо», буд. Дувокаи авестои «ai» дар забони порсии миёна «е» мегаштааст ва порсии тоҷикӣ ҳамин вижагиро нигаҳ доштааст.

Тамаддунҳои нухустин

Ёфтаҳои бостоншиносон пешинаи тамаддунҳойи нухустин дар Эронро ба 6000-7000 соли пеш мерасонад. Аз ин тамаддунҳо, метавон тамаддуни Ҷируфт, тамаддуни Сиялк, ва тамаддуни Шаҳри сӯхта-ро ном бурд. Ҳамчунин, аз 5000 соли пеш, тамаддуни Эрон дар ҷанӯби ғарбии Эрон падидор шуд. Дар ҳазораи дуввуми пеш аз милод, Ориёиҳо вориди сарзамини Эрон шоданд. Аз миёни ақвоми Ориёӣ, Модҳо 700 пеш аз милод, ҳукумати бузурге дар ғарбу шимоли Эрон барпо карданд.

Шоҳаншоҳии Эрон

Аз ҳамлаи Арабҳо то оғози Сафавия

Аз Сафавия то поёни Қоҷор

Ҳукумати Паҳлавӣ

Ҷумҳурии исломӣ

Сиёсат ва ҳукумат

Аз моҳи августи соли 2021 Иброҳим Раисӣ раиси ҷумҳурии Эрон мебошад.

Бахшбандии кишварӣ

Мақолаи асосӣ: Устонҳои Эрон

Эрон 30 устон (Вилоят) дорад. Ҳар як вилоят чандин шаҳристон (ноҳия) дорад.

Раиси ҷумҳурӣ Иброҳим Раисӣ (Ebrahim Raisi)

30 устони Эрон:

  1. Теҳрон
  2. Қум
  3. Марказӣ
  4. Қазвин
  5. Гилон
  6. Ардабил
  7. Занҷон
  8. Озарбойҷони шарқӣ
  9. Озарбойҷони ғарбӣ
  10. Курдистон
  11. Ҳамадон
  12. Кирмоншоҳ
  13. Элом
  14. Луристон
  15. Хузистон
  1. Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ
  2. Кӯҳгилуяву Буир-Аҳмад
  3. Бушаҳр
  4. Форс
  5. Ҳурмузгон
  6. Систону Балучистон
  7. Кирмон
  8. Язд
  9. Исфаҳон
  10. Симнон
  11. Мозандарон
  12. Гулистон
  13. Хуросони шимолӣ
  14. Хуросони разавӣ
  15. Хуросони ҷанубӣ
Numbered map of provinces

Ҷуғрофия

Иқтисодиёт

Мақолаи асосӣ: Иқтисоди Эрон

Дар тайи 30 соли гузашта ҷамъияти 36 миллионаи Эрон ба 80 млн афзоиш пайдо карда ва нахустин мавҷи ин насли нав ба бузургсолӣ расидааст. Дар асоси оморҳои расмӣ нархи бекорӣ ба 22 фисад расидааст, аммо бархе ба гуфтаи Раиси Ҷумҳурии пешин Муҳаммад Хотамӣ рақами онро ба 12,2 фисад баровард мекунанд. «Солона 700 нафар ҳазор ба бозори кори шадиди фишори бекорӣ рӯ ба рӯ мешавад, сатҳи бекори дар тайи солҳои (1974-2004) аз 7% ба 50% расидааст. Ва замоне нархи бекори 3% ва гоҳе 16% будааст. Дар ҳоле ки заминаҳои бидеҳкории хориҷӣ, ин рақам барои муддатҳо сифр буда, вале гоҳ чунон афзоиш ёфтааст, ки давлатро бо буҳрон рӯ ба рӯ кардааст. Хусусисозӣ, роҳе аз иқтисоди муттако ба нафт ва ҳамгом шудан бо иқтисоди ҷаҳонӣ онӣ пешниҳодҳоест, ки аз сӯйи таҳлилгарон барои беҳбуди вазъи иқтисодии Эрон матраҳ мешавад. Вобастагиҳои ғайриқобили нефтӣ, барномарезии иқтисоди Эронро ҳамвора шикананда кардааст. Барномаи давлати Эрон ин аст, ки вобастагиҳои нафтиро, ки 80 фисади даромадҳои арзии давлатро ташкил медиҳад, коҳиш диҳад, аммо ҳар гуна талоше барои хориҷ кардани даромадҳои нефтӣ ба маънои он аст, ки даромадҳои молиёти чанд баробар шавад. Дар ҳамин росто, давлат иқдом ба иҷрои тарҳи ҳадафманди ёронаҳо намудааст. Пас аз солҳо, саноати Эрон зерпӯши як риштаи қонунҳои ҳимоятии давлат фаъолият мекунад ва агар дар баробари фишорҳои рақобатии ҷаҳонӣ қарор гирад, мумкин аст, бисёре аз фаъолияти корхонаҳо қатъ гардад ва сатҳи бекорӣ боз афзояд. Дар солҳои мухталиф Эрон рушди иқтисодии гуногунеро таҷриба кардааст. Бар пояи гузориши Сандуқи байналмилалии асъор соли 2009 рушди иқтисодии Эрон ба 1,1 расида ин рақам соли 2010 ба 1,4% расидааст, ки пас аз Қазоқистон камтарин нархи рушди иқтисодиро дар байни кишварҳои минтақа доштааст. Бар пояи пешбинии Сандуқи байналмилалии асъор нархи рушди Эрон дар соли 2011 ба сифр нузул мекунад ва дар соли 2012 ба 3% меафзояд.

Тибқи эъломи Бонки Ҷаҳонӣ захираи арзии Эрон дар соли 2010 ба 100 млрд $ расида ва тибқи эъломи раиси Бонки марказии Эрон дар соли 1389 (2010) захираи тиллоӣ Эрон ба ҳисоби миёна ба 1350 доллар аст. Ҳамчунин иқтисодӣ эълом кард, заҳоири Эрон ба ҷуз тилло дар соли 2009 81 млрд доллар будааст.

Умдатарин саноати пешрафтаи Эрон иборат аст аз: саноати нафт, газ, петрошимиё, фулод, нассоҷӣ, кимиё, ғизоӣ, мошинсозӣ, нерӯгоҳсозӣ, барқӣ, электроникӣ ва ғ. Саноати сабуки маҳалии Эрон аз қабили: истеҳсоли фарш ва қолин, гилембофӣ, ҷоҷимбофӣ, минбаткорӣ, хотамкорӣ, сафолгарӣ, оинакорӣ, мискорӣ ва ғ.

Аҳолӣ

Мақолаи асосӣ: Аҳолии Эрон

Аксари мардуми Эронро форсҳо ташкил медиҳанд, зиёда аз 55 миллион (тақрибан 65%). Баъди форсҳо аз рӯи шумора озариҳо мебошанд, ки қариб 10 % мардуми Эронро ташкил медиҳанд, яъне қариб 7 миллион. Боқии мардуми Эрон: аз курдҳо, луру, мозандариҳову, тату, талишҳо ва дигарон иборатанд. Тамоми мардуми Эрон форсиро медонанд ва ҳатто озариҳо дар хона ҳам ба форсӣ гуфтугӯ мекунанд. Забони форсӣ яке аз 7-умин забоне мебошад, ки дар ҷаҳон бо ин забон 225 миллион мардум (Порсигӯ) ҳарф мезанад. Форсӣ аз 3 гӯиш иборат мебошад: форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ. Танҳо ба гӯиши тоҷикӣ 45 миллион порсигӯ (дар Ӯзбекистон 15 миллон, дар Афғонистон 15 миллион, дар Тоҷикистон 8 миллион, боқӣ дар дигар давлатҳо) гуфтугӯ мекунанд. Дар Эрон (80 миллион), Тоҷикистон (8,5 млн) ва Афғонистон (30 миллион) ҳама порсигӯ ҳастанд.

Аз рӯи омори "Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:Шуъбаи аҳолӣ"

Дар охири соли 2016, аҳолии Зрон 80 629 882 наф. танро дар бар мегирифт. Соли 2016 аҳолии Зрон тахминан 1 008 013 тан зиёд шудааст, афзоиши солонаи аҳолӣ 1.27 % ташкил додааст.

Вазъи демографии Эрон дар соли 2016:

  • Таваллуд: 1 443 544 наф.
  • Даргузашт: 373 427 тан
  • Ҳолати афзоиши аҳолӣ: 1 070 118 тан
  • Афзоиши аҳолӣ дар натиҷаи муҳоҷират: - 62 105 тан
  • Мардҳо: 40 889 977 тан (баҳодиҳӣ ба 31 декабри соли 2016)
  • Занҳо: 39 739 905 тан (баҳодиҳӣ ба 31 декабри соли 2016)[1]

Нигаред

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 1.2 Iran