Jump to content

Агностисизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Агностисизм (аз юнонӣ aqnostos – донистанашаванда) — таълимоти фалсафиест, ки имконияти донисташавии қонуниятҳои табиату ҷамъиятро маҳдуд карда, дастнорасии Ҳақиқати мутлақро барои хиради инсон собит карданӣ мешавад, эътимодро ба нерӯи ақли инсон кам мекунад. Дар фалсафаи қадим ҷараёни шаккокия вуҷуд дошт, ки таърихан шакли аввалини агностисизм маҳсуб меёбад.

Истилоҳи агностисизмро табиатшиноси англис Т. Гексли соли 1869 ҷорӣ намуда бошад ҳам, ифодаи мавқеи агностисизмро дар фалсафаи антиқа, масалан, дар таълимоти Протагор, софистон ва шаккокияиантиқӣ метавон пайдо кард. Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқи Наздик ва Миёна агностисизм хусусан дар таълимоти баъзе пайравони калом, аз ҷумла Муҳаммади Ғазолӣ равшан ба назар расида, дар шакли масъалаи муносибати байни ақлу эътиқод ва хираду имон зоҳир мегашт. Дар фалсафаи асрҳои миёнаи исломӣ ин равия ба номи лоадрия машҳур буд ва тарафдорони он муътақид буданд, ки ҳукми қатъӣ барои имкони ҳосил кардани илм ва ё ғайриимкон будани онро наметавон собит кард. Агностисизм дар системаи фалсафии Давид Юм нисбатан хубтар ҷилвагар шудааст. Ба ақидаи ӯ тамоми маърифат танҳо бо таҷриба сарукор дошта, аз ҳудуди он қатъан баромада наметавонад, бинобар ин қудрати дар бораи муносибати байни таҷриба ва воқеият ҳукм ронданро надорад. Иммануил Кант тафриқаи қатъии «чизи ба худ» ва «чизи барои мо»-ро асоси таълимоти маърифати назарии худ қарор дод, яъне ба мавқеи агностисизм гузашт ва тафриқаи мазкурро ҳамчун мабдаи таҳлили фаъолии дохили тафаккур истифода бурд. Ӯ нишон дод, ки мутобиқати байни олами объективӣ ва системаи донишро бо роҳи сирф мантиқӣ муқаррар кардан, табиати маърифатро бидуни таҳлили махсуси имкониятҳои маърифатии субъект ошкор намудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, Кант мавҷудияти ҳади қатъии байни маърифат ва воқеиятро исрор намуда бошад ҳам, нишон дода натавонист, ки чӣ гуна маърифат қудрати инсониятро дар азхудкунии табиат афзун мегардонад. Дар баъзе равияву мактабҳои фалсафаи баъди Кант унсурҳои агностисизм хусусан дар соҳаи маърифати иҷтимоӣ назаррасанд. Ин, қабл аз ҳама хоси мактабҳои гуногуни позитивизмва неопозитивизм аст. Ҳоло яке аз зуҳуроти хоси агностисизм мавқеи гносеологии конвенсионализм аст, ки мувофиқи он муносибати байни факт ва гуфтори мансуби он сирф шартист, чунки ҳамон як фактро дар гуфторҳои мухталиф метавон тавсиф кард. Шакли дигари хоси агностисизми неопозитивизм даст кашидан аз ҳар гуна ҳалли масъалаи муносибати маърифат ба воқеият аст, ки мувофиқи он масъалаи мазкур аз ҷумлаи масъалаҳои «метафизикӣ» буда, ҳалли «қатъӣ»-ро талаб намекунад. Мавқеи агностисизмро реализми танқидӣҳам ҳимоя мекунад. Яке аз намояндагони асосии равияи мазкур Ч. Сантаяна иддао дорад, ки маърифат хислати сирф рамзӣ дошта, сабаби эътиқод ва ҳаққонияти он дар ниҳояти амр имони хоси инсон аст. Чунин шакли агностисизм ба таҳрифи робитаи мутақобилаи тафаккур ва фаъолияти ашёиву амалӣ асос ёфтааст. Материализми диалектикӣ масъалаи табиати фаъоли маърифатро инкишоф ва нишон додааст, ки муқаррар кардани фаъолии тафаккур аз нуқтаи назари муроқибавӣ ғайри имкон буда, барои ин бояд худи тафаккурро ҳамчун лаҳзаи фаъолияти томи ашёиву ҳиссии инсон баррасӣ намуд. Зимнан худи инсонро ҳамчун субъекти таърихан муайяни ҷамъиятӣ бояд фаҳмид. Ба ин восита асоснокии ҳақонияти маърифат, исботи мутобиқати байни маърифату воқеият аз соҳаи назария ба амалия гузаронида шуд. Агар амалияи ҷамъиятии таърихӣ ба инсон имконият диҳад, ки ӯ бар табиат беш аз пеш зиёдтар ҳукм ронад, муносибатҳои ҷамъиятиро такмил диҳад, усулу воситаҳои фаъолияти фикриро инкишоф диҳад, пас ин чунин маъно дорад, ки маърифат ба инъикоси воқеият боз ҳам наздиктар мешавад.