Агреман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Агрема́н (аз фаронсавӣ: agrément — тасдиқ, қабул) - санадест, ки розигии пешакии давлат ба таъин намудани шахси аз ҷумла ба ҳайси роҳбари намояндагии дипломатии давлати дигар дода мешавад.Агреман ҷавоб ба дархости давлати хориҷист. Дархост вобаста ба дараҷа, рутба, мартабаи зинаи агенти дипломатӣ (сафир, фиристода) ба мансабдори дараҷаи баланди давлати қабулкунанда (сарвари давлат, раиси ҳукумат) ва ё дар ҳолати таъйини намояндаи дипломатӣ ба сарвари муассисаи байналмилалӣ муроҷиа мешавад. Давлат салоҳият дорад агреманро рад кунад ва ин тасмимашро тафсир накунад. Одатан раддия дар шакли ҳасанаи машваратона – пешниҳод кардани каси дигар сурат мегирад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.