Адаб
Адаб (порсӣ: ادب ) — ахлоқ ва кирдору рафтори нек; шарти адаб меъёри ахлоқу одоб; адаб додан а) одоб омӯхтан, ахлоқ омӯхтан; б) маҷ. танбеҳ кардан, ҷазо додан; адаб ёд додан ба касе одобу ахлоқ омӯхтан; адаби касеро додан касеро танбеҳ додан, ҷазо додан ба касе; бо ду дасти адаб супурдани чизе бо камоли риояти адаб додани чизе (ба касе), боадабона оварда супурдани чизе (ба касе).
Адабро дар гузашта маъмулан аз 12 қисм (ҳашт усул ва чаҳор фурӯъ) иборат медонистанд: усулҳои луғат, сарф, иштиқоқ (калимасозӣ), наҳв, маонӣ, баён, арӯз, қофия ва фурӯъҳои расму хат, нақдушшеър, иншои хату расоил ва мазоҳарат. Маҷмӯи донишҳои мансуби аъмоли инсонанд, ки ду ҷиҳати кирдори ӯро фаро мегиранд: яке рафтори холӣ аз халал ва аъмоли зишту бад, дигаре касби илму ҳунар ва маориф, фаъолияти инсон, ки аз нияту дархост (қалбӣ ё ботинӣ) ва амалу рафтору кирдораш муайян мешавад. Пас, ахлоқи инсон аз ҳамин ҷиҳатҳои зоҳирию ботинии афъолаш таркиб ёфтааст. Шахсеро, ки дар илмҳои Адаб тахассус пайдо мекунад, адиб меноманд. Адиби комил шахсест, ки зоҳиру ботинаш як бошад ё худ қавлаш ба амалаш ва рафтору кирдору гуфтор ба нияташ мувофиқат кунад. Аз ин рӯ, дар илми ахлоқ одобро таҳзиби зоҳиру ботини инсон мешуморанд. Аксари муҳаққиқони асрҳои миёна вобаста ба ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ рафтору одобро ба таври гуногун дарк кардаанд. Масоҳаташ, баъзеҳо Адабро дар муомилат мебинанд. Дар илми А. (наср ва каломи мавзун) одоби адибон дар риояи балоғату нафосату фасоҳат зоҳир мешавад. Аҳли шариат таҳсили улуми шаръӣ ва риояи одоби диниро таблиғ мекарданд, аҳли тасаввуф силсилаи одоби суфияро тартиб дода, риояи онро барои камолоти маънавии инсон зарур мешумориданд. Адаб ишора ба касби улум ва маорифи куллии инсон мебошад, ки
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адаб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.