Адабиёти советӣ (маҷалла)
«Адабиёти советӣ» — маҷаллаи адабии мусаввари яҳудиёни тоҷикзабони Осиёи Марказӣ, нашрияи Кумитаи халқии маориф (Наркомпрос) ва ИН Ӯзбекистон. Солҳои 1931 – 1941 дар Тошканд ба забони тоҷикӣ ба табъ мерасид. Дар ҳайати таҳририяи он М. Аминов, Анқабой, Ю. Кӯраев (муҳаррир), М. Бачаев (Муҳиб) шомил буданд. Дар маҷалла оид ба дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва навигариҳои фарҳангиву адабӣ мақолаҳо дарҷ мегардиданд. Маҷалла дорои саҳифаҳои назм, наср, танқиди адабӣ, библиография буд. Дар саҳифаҳои маҷалла намунаҳо аз эҷодиёти адибони маъруф С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, А. С. Пушкин, А. П. Чехов, А. М. Горкий, В. Маяковский ва дигарон ба табъ мерасиданд.[1]
Нигоштаҳои навқаламон, махсусан, аъзои маҳфили адабии «Маърифат» (роҳбар С. Айнӣ) дар саҳифаҳои «адабиёти советӣ» чоп мешуданд. Оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти нависандаи фарансавӣ Э. Золя маълумот дода шуда, як ҳикояташ чоп шудааст. Дар «Адабиёти советӣ» (1941, № 5) хабари муфассал оид ба Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (апрели 1941), истиқболи хуши тамошобинон, операҳои «Коваи оҳангар», «Шӯриши Восеъ», драмаҳои «Отелло»-и Шекспир ва «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода чоп шуда буд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи адаби форсӣ. Адаби форсӣ дар Осиёи Миёна. – Теҳрон: Интишороти вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1380, ҷ. 1, с. 7
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Адабиёти советӣ» // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.