Адабиёти таърихӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Адабиёти таърихӣ — як навъи адабиёти асрҳои миёна, ки воқеаҳои таърихиро дар перояи бадеӣ ифода мекунад. Дар ин гуна асарҳо, аз як тараф, тасвир ба андозае ҷамъбаст шуда, аз воқеият дур гардидааст ва шакли бадеиро гирифтааст. Аз тарафи дигар, дар баробари офаридани воқеаҳо қоидаи барқарор кардани ҳодисаҳои таърихӣ низ риоя шуда, дар якҷоягӣ онҳо тасвири воқеиро ба вуҷуд меоваранд. Хусусияти бадеии адабиёти таърихӣ, пеш аз ҳама, дар тасвири образҳои ашхоси таърихию асотирӣ зоҳир мешавад: подшоҳони таърихию асотирӣ, пайғамбарон аз дигар пешвоёни дину сарони давлат дар шакли идеалӣ, мувофиқи ҷаҳонбинии муайян ва анъанаи таърихӣ тасвир гардидаанд. Ин гуна анъанаҳо бо ҷаҳонбинии замон махлут шуда, на танҳо рафтори воқеии шахс, балки шакли тасаввурии шахсро ҳам ба вуҷуд меоваранд. Масалан, Рашидуддини Фазлуллоҳ дар «Ҷомеъ-ут-таворих» Чингизхонро аз ин қиёс тасвир кардааст. Бинобар ин дар китобҳои гуногуни таърихӣ симои шахсони таърихию асотирӣ якрангу якнавохт нест. Дар онҳо шахс асосан аз қиёси некию бадӣ ва муносибат ба дину оин ва ҷаҳонбинии нависанда тасвир мешавад. Адабиёти таърихӣ дар инкишофи услуби насри классикии тоҷик ҳам мавқеи намоёне дорад. Китобҳои таърихи давраи аввал, монанди «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ гарчанде бо услуби насри тарассул (рисоланависӣ) навишта шудаанд, аз ҷиҳати забонӣ душворӣ надоранд. Дар онҳо саҷъ нест ё кам истифода шудааст. Аввалин китобе, ки дар шакли душвори маснӯъ навишта шуд, «Таърихи Яминӣ»-и Утбист. Ин китоб ба забони арабӣ буд, вале ба зудӣ ба форсӣ тарҷума шуда, пайравони зиёде пайдо кард. Атомалики Ҷувайнӣ дар китоби «Таърихи ҷаҳонкушо» ва махсусан муаллифи «Таърихи Вассоф» дар роҳи истифодаи санъат ва саҷъу тарсеъ иқдоми тозае ниҳоданд. Китобҳои таърихӣ, одатан, ба масъалаҳои таърихи кишвар, ягон маҳаллу вилоят ва ё силсилаи подшоҳон бахшида шудаанд. Муҳимтарин китобҳои таърихӣ «Таърихномаи Табарӣ» мансуб ба Абӯалии Балъамӣ, «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Қазвинӣ, «Зубдат-ут-таворих»-и Абулқосим Абдуллоҳи Кошонӣ, «Муҷмал-ут-та-ворих ва-л-қисас» (муаллифаш номаълум), «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ, «Таърихи кабир»-и Ҷаъфарии Яздӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Хондамир ва ғайра мебошанд. Китобҳои таърихӣ дар бораи шаҳру вилоят ва хонадонҳо ҳам хеле бисёранд. Дар ҷамеи ин китобҳо ба ғайр аз ахбори қиссамонанди таърихӣ асотир, нақлу ривоят, қиссаву достон, амсолу ҳикам ва латифаю зарбулмасалҳои фаровоне оварда шудаанд, ки маҷмӯи онҳо як хазинаи бузурги адабию маънавиро ташкил мекунад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]