Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон (Китоб)
. — Душанбе,. — 2014. — С. 445.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон: Феҳристи адабиёти солҳои 2008-2013 /Мураттибон Ҷӯрабой Раҷабов, М. Маҳмадназарова; Зери назари умумии академик Н. Салимов; Пажӯҳиши библиографии С. Исмоилова, М. Мамадназарова, Қ. Сафарова, Ҷ. Раҷабов, Д. Ҳакимова, Ю. Мӯсоев; Муҳаррир Ҷ. Раҷабов; КМТ. – Душанбе, 2014. – 445 с. – Матн ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Солҳои 2008-2013, дар саҳифаҳои матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, теъдоди зиёди китобу мақолаҳо ба забонҳои тоҷикию русӣ бахшида ба соҳаи фарҳанг ва ҳунар рӯи чоп омадаанд, ки шиносоӣ бо онҳо сатҳи фарҳангию тарбиявӣ ва иттилоотии мардумро васеъ намуда, онҳоро бо вазъи кунунии фарҳангу ҳунари мамлакати тоҷикон аз наздик ошно месозанд ва моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд. Феҳристи мазкур идомаи рӯйхати библиографии «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва санъати ҶШС Тоҷикистон» мебошад. Дар феҳристи мазкур беш аз 3680 номгӯи китобу мақолоти матбуот ба масоили соҳаҳои фарҳангу ҳунари ҷумҳурӣ, ки солҳои 2008-2013 ба забонҳои тоҷикию русӣ ба табъ расидаанд, инъикос гардидаанд. Феҳристи мазкур барои кормандону пажӯҳишгарони соҳаи фарҳангу ҳунар, васоити ахбори омма (матбуоти даврӣ ва садову симо), синомагарону кормандони сирк, рӯзноманигорон ва гурӯҳи васеи муштариёну дилбохтагони фарҳангу ҳунари тоҷик таҳия шудааст.
Тақризҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Китоби Адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн]: Феҳристи адабиёти солҳои 2008-2013 Душанбе, 2014. – 445 с. – Матн ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.[1]
Пайванди беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |