Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Навъ

китобхонаи миллӣ

Кишвар

 Тоҷикистон

Нишонӣ

Душанбе, н. И. Сомонӣ

Таъсис

соли 1933

Фонд
Таркиби захира

китобҳо, дасхатҳо

Веб-сайт

kmt.tj

Commons-logo.svg Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Викианбор


Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон. ш.Душанбе
Китобхонаи миллӣ - Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмон дар толори китобхона.
Китобхонаи миллӣ - толори китобҳои нав.
Китобхонаи миллӣ - толори китобхонаи электронӣ.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон - муассисаи давлатии фарҳангии Тоҷикистон мебошад. Китобхона 20 марти соли 2012 ба ҷойи Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар ш. Душанбе таъсис дода шудааст.

Таърих[вироиш]

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Дар даврони шӯравӣ дар хазинаи китобхона зиёда аз 3 млн. нусха китобу дастхатҳои нодир ба забонҳои гуногун ҷамъ оварда шуда барои истифодаи хонандагон пещкаш карда мешуданд. Соли 1993 Китобхона мақоми миллиро соҳиб шуд.Дар фондҳои китобхона 3 миллиону 326 ҳазору 300 нусха китобу дастхатҳои нодир маҳфузанд ва аз онҳо беш аз 35000 нафар хонандагони доимӣ истифода мекунанд. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар тӯли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки ҳазорсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст. Вобаста аз имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар Китобхонаи миллӣ барои хонандагон шароитҳои мусоид муҳайё карда шудааст. Чунончи, Китобхона дар таҳияи феҳристи электронии саҳм гирифта, беш аз 50 ҳазор номгӯи китобҳои тоза нашро ба ин васила дастраси хонандагон гардонидааст. Дар Китобхона аз моҳи апрели соли 2004 толори нави нуқтаи хизматрасонии модулӣ барои донишҷуён созмон дода шудааст, ки дорои беш аз 15 ҳазор китобҳои тозанашри фаннӣ мебошад ва аз ин толор хонандагони сершумор истифода мебаранд. Моҳи сентябри соли 2006 толори нави хониши электронӣ созмон дода шуд, ки дорои беш аз 115 ҳазор нусха нашрияҳои электронӣ мебошад. Ин толор бо технологияи замонавӣ: 25 компютер, 5 сканер, 3 принтер, 3 дастгоҳи нусхабардорӣ таҷҳизонида шуд ва ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст мебошад. Истифодаи Интернет барои ҳамаи хонандагон бо таври ройгон аст.

Бунёди бинои нав[вироиш]

Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» - аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна бо ошхона иборат аст. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад.[1]

Соли 2011 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шудааст. Теъдоди хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион нусха китобро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, зиёда аз 3 млн нусха хазинаи Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва боқимонда саҳми аҳолии Тоҷикистон ва муассисаҳои давлативу хусусӣ, ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ мебошад.

Сохтори китобхона[вироиш]

Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 40 шуъбаву бахшҳои гуногун ва марказҳои мухталиф иборат аст, аз ҷумла:

  • Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён
  • Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир
  • Маркази иттилооти ҳуқуқӣ
  • Шуъбаи матбуоти даврӣ
  • Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ
  • Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
  • Шуъбаи нигаҳдории китоб
  • Шуъбаи феҳристнигорӣ ва истифодабарии онҳо
  • Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
  • Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ
  • Маркази «Тоҷикшиносӣ»
  • Шуъбаи таҳрир ва интишорот
  • Маркази такмили ихтисос
  • Шуъбаи коркарди адабиёт
  • Шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ
  • Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ
  • Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои КМТ
  • Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ
  • Шуъбаи библиографияи миллӣ
  • Шуъбаи адабиёти хориҷӣ
  • Маркази иттилоотии Олмон
  • Бахши фарҳангии Эрон
  • Маркази фарҳангии Чин
  • Маркази фарҳангии Корея[1]

Нашри китобхона[вироиш]

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 110 номгўи нашрияҳои худро ба ҳаводорон пешниҳод намудаанд.

  1. маводҳо бахшида ба китобхона таҳти унвонҳои:
  • «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (Ақоиди асосӣ, муаллиф Р.Шарофзода, 1992),
  • «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» (Ҷашннома, 1993),
  • «Консепсияи инкишофи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ то соли 2010, муаллиф С. Муҳиддинов,2001),
  • «Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Роҳнамо, муаллифон Ш.Тошев, Б.Каримзода, 2003),
  • «Коршиносони эҷодкори Китобхонаи миллӣ» (Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ, 2004),
  • «Ганҷинаи фарҳанг» (Ҷашннома бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Китобхона, 2004),
  • «Нашрияҳои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ» (Нишондиҳандаи библиографӣ, Солҳои 1983-2003, 2004),
  • «Коршиносони Китобхонаи миллӣ» (Маълумотномаи шарҳиҳолию библиографӣ, 2006),
  • Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои соли 2014 (2013) [2]
  • Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он (2014)
  • Истифодаи навгониҳои соҳаи китобдорӣ тавассути технологияи иттилоотии муосир (2014)
  • Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2014)
  • Маҷаллаи "Китобдор" № 1-10.[3]

2. асарҳои кормандони китобхона:

  • Р. Шарофзода «Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ» (1992),
  • С. Муҳиддинов «Персидско-таджикская миниатюра и принципы ее библиографирования» (1999),

3. дастурҳои методии

  • «Ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ дар китобхона» (1991, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ), «Наврўз муборак!» (2005),
  • «Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (2005),
  • «Адибони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қисмҳои 1-2, 2006-2007),
  • «Истиқлолият, ҷавҳари асосии зиндагии миллат аст» (2006),
  • «Нақши китобхонаҳо дар тарғиби тамаддуни ориёӣ» (2006),
  • «Сулҳу Ваҳдат - бахти миллат» (2007),
  • «Соли 2008 – Соли бузургдошти забони тоҷикӣ» (2008),

4. дастурҳои методию библиографии

  • «Тавсияҳои методию библиографӣ барои китобдорони китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2000),
  • «Нашъамандӣ – душмани ҷомеаи солим» (2001),
  • «Асарҳои адибони муосири тоҷик дар хазинаи китобхонаҳои Тоҷикистон» (2002),
  • «Об – манбаи ҳаёт» (2003)

5. тавсияҳои методии

  • «Тоҷикистон – соҳибистиқлол» (1993),
  • «Тарғиби осори бебаҳои ниёгон дар китобхонаҳо» (1994),
  • «Осори адибони муосири тоҷик дар китобхонаҳо» (1997),
  • «Фарзанди бузурги халқи тоҷик» (Академик Бобоҷон Ғафуров, 1998),
  • «Давлати бузурги бостонӣ» (Ба истиқболи 1100- солагии давлати Сомониён, 1998),
  • «Истиқлолият дастоварди бузурги миллат аст» (2001),
  • «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ1» (2001),
  • «Тарғиби осори адибони муосири тоҷик дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ» (2003),
  • «Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон» (2008),

6. дастурҳои библиографии соҳавии

  • «Заҳоири меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ дар шароити нави иқтисодӣ» (1992),
  • «Иқтисоди бозаргонӣ» (1993),
  • «Давлати бузурги Сомониён» (1999),
  • «Авесто» - китоби муқаддаси зардуштиён» (2001),
  • «Таърихи варзиши Тоҷикистон» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 1997),
  • «Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов» (2001),
  • «Феҳристи нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Тоҷикистон». (бо ҳуруфи арабиасос, 2002),
  • «Кӯлоби бостонӣ» (2006),
  • «Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» (2007),
  • «Танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007),
  • «Коррупсия» (2007),
  • «Сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон поянда бод» (2007),
  • «Иҷлосияи сарнавиштсоз» (2012),[4]
  • «Об – манбаи ҳаёт» (2013),
  • «Ваҳдати миллӣ» (2014)[5]

7. дастурҳои тавсиявии библиографии

8. китобномаҳои шарҳиҳолии

9. осори илмии

  • Мероси хаттии бостон.Тоҷнома. Силсилаи Тоҷикон дар масири тамаддун (2013),[8]
  • Авасто.Ҷилди I.Тоҷнома. Силсилаи Тоҷикон дар масири тамаддун (2014) [9]

ва ғайра мебошанд.

Толорҳо[вироиш]

Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои зиёда аз 12 толори хониши умумӣ ва тахассусӣ мебошад, ки хонандагон метавонанд мувофиқи талабот ё тахассусашон аз онҳо истифода намоянд.

  1. Толори хониш
  2. Толори намоиши китоб
  3. Толори матбуоти даврӣ
  4. Толори хониши адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
  5. Толори хониши электронӣ
  6. Толори маводҳои мусаббат
  7. Толори кормандони илм
  8. Толори адабиёти хориҷӣ
  9. Толори Рӯдакӣ
  10. Толори академикҳо ва докторантҳои илм
  11. Толори хониши дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир
  12. Толори хониши Феҳристнигорӣ[1]

Марказҳои фарҳангӣ[вироиш]

Бо ташаббуси китобхона ва кумаки сафорату марказҳои фарҳангии мукими кишвар, марказҳои фарҳангии якчанд мамолики дунё таъсис шудааанд. Онҳо китобу нашрияҳои худро ба хонандагон мавриди мутолиа пешкаш намуда чорабиниҳои гуногун барпо мекунанд.

  • Маркази фарҳангии Амрико
  • Маркази иттилоотии Олмон
  • Бахши фарҳангии Эрон
  • Маркази фарҳангии Чин
  • Маркази фарҳангии Корея[1]

Хизматрасонии виртуалӣ[вироиш]

Китобхона сомонаи худро (http://kmt.tj/) созмон додааст, ки тавассути он дар радифи маълумоти мушаххас оид ба таърих, фаъолияти кунунии бахшу шуъбаҳои китобхона, суроға ва реҷаи кории он, бахшҳои ҷолиб - "Хабарҳо", "Ба китобдор", "Махзани қисм", "Конун" ва "Бойгонӣ" пешниҳод шудаанд. Инчунин, тавассути сомонаи Китобхона хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ имконият пайдо мекунанд, ки матни электронии китобҳои ниёзи хониш (баъзе аз нашрияҳои адибони гузашта ва муосири тоҷик, адабиёти оммавии таърихиву бадеӣ, донишномаҳо, луғатҳо, феҳристҳо ва диг.), аз қабили

ва дигар китобҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. Истифодаи манобеи электронӣ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони виртуалӣ номнавис шаванд ва фонди электронии Китобхонаи миллиро мавриди истифода қарор диҳанд.[1]

Раёсат[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Китобхонаи миллии Тоҷикистон
  2. Тақвими ҷашн ва санаҳои ҶТ, с.2014
  3. kmt.tj "Китобдор" № 1-10
  4. Иҷлосияи сарнавиштсоз.Феҳристи адабиёт
  5. Ваҳдати миллӣ.Феҳристи адабиёт
  6. Эмомалӣ Раҳмон. Китобнома
  7. [Китобшиносии осори Худойназар Асозода (2014)]
  8. Мероси хаттии бостон
  9. Авасто.Ҷилди I.
  10. "Энсиклопедияи советии тоҷик"
  11. "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик"
  12. "Куллиёт"-и С. Айнӣ
  13. "Шоҳнома"-и А. Фирдавсӣ
  14. «Осори мунтахаб»-и Абӯалӣ ибни Сино
  15. «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ
  16. Тоҷикон дар оинаи таърих
  17. Китоби ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон
  18. Қуръони карим
  19. Кимиёи саодат"-и Ғаззолӣ

Пайвандҳои беруна[вироиш]