Адажио

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Адажио, ададжо (италиявӣ adagio – оҳиста, ором) — дар мусиқӣ: 1) ифодаи суръати ором, шабеҳ ба қадаммонии суст.

Ин истилоҳро асри 17 дар Италия барои ифодаи ибтидои суръати мавзуни мусиқӣ истифода кардаанд. Дар асри 19 маънои пешинаи адажио тағйир ёфта, минбаъд суръати оҳистаю ороми мусиқиро ифода мекардагӣ шуд; 2) ифодаи пйесаҳое, ки дар ин суръат эҷод шудаанд ва номи муайян надоранд. Адажио дар осори классикони Вена ва романтикон барои ифодаи эҳсосоти лирикӣ истифода мешуд. Қисман дар услуби адажио сарахбори асарҳои симфонии классикӣ (масалан симфонияи № 104-и И. Гайдн, № 39-и В. Мотсарт, № 1, 2, 3, 4-и Л. Бетховен ва дигарон) навишта шудаанд; 3) рақси мавзуну ором дар балет ба монанди рақси якка ва дукасаи (дуэти) классикӣ; 4) қисми дарси рақси классикӣ, ки машқҳои мавзуну ором дошта, барои баланд бардоштани малакаю маҳорати раққосӣ ба шогирдон кӯмак менамояд. Дар эҷодиёти композиторони тоҷик низ мавқеи муайян дорад. Ф. Баҳор қисми сеюми симфонияи № 2-и худро дар шакли адажио эҷод кардааст. Балетҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян, «Марги судхӯр», «Рубоиёти Хайём», «Хотираи дил»-и Т. Шаҳидӣ дорои адажиоҳои балетианд. Т. Шаҳидӣ адажиоро дар кантатаи хореографии «Ибни Сино» низ истифода бурдааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.