Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Адан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адан — шаҳр дар Яман. Бандари асосии Баҳри Араб дар назди гулӯгоҳи Бобулмандаб. Маркази маъмурии музофоти Адан. Аҳолиаш 863 ҳазор нафар (2026). Бандари транзитӣ ва бо сӯзишворӣ пур кардани киштиҳо. Фурудгоҳи аҳамияти байналхалқӣ дорад. Таърихаш ба ҳазорсолаи якуми то милод мерасад. Адан яке аз марказҳои бузурги тиҷоратӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати давлатҳои ҷануби Арабистони қадим дохил буд. Дар садаи VII дар ҳайати давлатҳои мухталифи мусулмонии Арабистон қарор дошта, аз садаи XV зери тасарруфи Имперотурии Усмонӣ буд. Соли 1839 Англия онро забт намуда, ҳамчун пойгоҳи ҳарбии баҳрӣ ва баъдтар ҳарбии ҳавоӣ ба мақсади васеъ кардани мулкҳои худ дар Арабистони ҷанубу ғарбӣ ва Шарқи Миёна истифода кард (то соли 1967). Соли 1963 Адан ба ҳайати Федератсияи Арабистони Ҷанубӣ дохил карда шуд. Соли 1967, баъди ғалабаи инқилоби озодихоҳии миллӣ қӯшунҳои инглисро аз Адан берун карданд. Солҳои 1967–90 пойтахти Ҷумҳурии Халқии Ямани Ҷанубӣ буд. Аз соли 1990 дар ҳайати Ҷумҳурии Яман мебошад. Адан аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ва пешрафти иқтисодӣ дар мамлакат ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Корхонаҳои софкории нафт, таъмири киштиҳо, истеҳсоли пластмасса, иттиҳодияҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва коркарди тамоку дорад. Қисми қадимии шаҳр дорои кӯчаҳои танг ва биноҳои паст аст. Дар Адан донишгоҳ, осорхонаи таърихӣ ва театр мавҷуданд. Ёдгориҳои таърихии Адан: Қалъаи Сир (асри 5) ва иншооти бузурги Ас-Сахариг (асри 5), ки обҳои боронро дар худ ҷамъ намуда шаҳрро аз обхезӣ эмин медорад.