Jump to content

Баҳри Араб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳри Араб
?
Характеристики
Наибольшая глубина5 803[1] м
Средняя глубина3006Шаблон:Нет АИ м
Ҷойгиршавӣ
Парвандаҳо дар Викианбор

Арави́йское мо́ре (ар. بحر العرب‎, форсӣ: دریای عرب‎, урду: بحیرہ عرب, ҳиндӣ: अरब सागर, сумол. Bada Carbeed, англ. Arabian Sea) — баҳри нимкушод дар қисми шим. ғарбии Уқёнуси Ҳинд, байни нимҷаз-ҳои Ҳиндустон, Арабистон ва Сомали, яке аз бузургтарин баҳрҳои рӯйи олам, масоҳ. 4221 ҳазор км², ҳаҷми обаш 14005 ҳазор км3 (ба ғайр аз халиҷҳои Форс, Адан ва Уммон).

Умқи миёнааш 3006 м, ҷойи амиқтаринаш аз 5803 то 5875 м. Ба баҳр д-ҳои Ҳинд ва Тапти мерезанд. Соҳилҳояш баланду шахдор. Ҷаз-ҳои калонтаринаш Сокотра ва Малдив. Ба воситаи халиҷи Адан ва гул. Бобилмандаб бо Баҳри Сурх мепайвандад. Дар қисми шим. ғарбии баҳр дар резишгоҳи халиҷи Уммон силсилакӯҳи зериобии Меррея (баландиаш 300—400 м) ҷой гирифтааст. Иқлими баҳр муссонӣ. Фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ зуд-зуд тӯфонҳо ба амал меоянд. Ҳарор. миёнаи об дар с. б. зимистон 22°-26°С, тобистон 26°-30°С. Ҳамасола аз қабати болоии Б. А. 1500 то 2000 мм об бухор мешавад. Боришоти хеле кам (дар Шим. Ғ. аз 100 мм ва дар Ҷ. Ш. то 2000 м) ва воридоти ночизи дарёҳо ба баҳр боиси камчинии оби ширин гаштааст. Шӯрии об тобистон 35,5-36,5 %, зимистон дар соҳилҳои Ҳиндустон то 34,5-35 дарсад кам мешавад. Мадди баҳр номураттаби нимшабонарӯзӣ буда, баландии об аз 2,5 (Адан), то ба 5,7 м (Мумбай) мерасад. Дар Б. А. зиёда аз 1000 навъи моҳӣ ва буғумпойҳо мавҷуданд. Барои истеъмол ду навъи гулмоҳӣ, караси ҷопонӣ, аломоҳии баҳрӣ, лаққамоҳӣ, самаки зардпар ва чашмкалон, моҳии паррон, шамшермоҳӣ ва чанд навъи наҳанг шикор карда мешаванд. Минтақаи шим. Б. А. аз партовҳои маҳсули нафт ва кишоварзӣ ифлос шуда, боиси вайроншавии экология (муҳит) гаштааст. Бандарҳои калонаш: Адан (Яман), Қарочӣ (Покистон), Мумбай (Ҳиндустон).

  1. Географический атлас. — М.: ГУГК, 1982. — С. 206. — 238 с. — 227 000 экз.