Ада Лавлейс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ада Лавлейс
англ. Augusta Ada King Byron, Countess of Lovelace
Ada Lovelace portrait.jpg
Санаи таваллуд:

10 декабр 1815(1815-12-10)[1][2][…]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

27 ноябр 1852(1852-11-27)[2][3][…] (36 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

риёзиёт ва Роёниш

Ҷойҳои кор:
Commons-logo.svg Ада Лавлейс дар Викианбор

Авгу́ста А́да Кинг (дар хурдӣ Августа Ада Байрон), граф Ла́влейс (англ. Augusta Ada King Byron, Countess of Lovelace), машҳур ба Ада Лавлейс (10 декабр 1815, Лондон, Бритониёи Кабир — 27 ноябри 1852, Лондон) — риёзидони инглис, нависанда ва нахустин барномасози роёна.

Зиндагинома[вироиш]

Ада Лавлейс 10 декабри соли 1815 ягона духтари қонунии шоири англис Ҷорҷ Байрон ва зани ӯ Анна Изабелла Байрон ба дунё омад. Бақия фарзандон лорд Байрон хориҷ аз чаҳорчуби издивоҷ ва аз занони дигар мутаваллид шуда буданд. Байро як моҳ пас аз таваллуд Ада аз ҳамсараг ҷудо шуд ва чаҳор моҳ баъд барои ҳамеша Инглистонро тарк кард ва саранҷом ба далели як беморӣ дар Ҷанги истиқлоли Юнон даргузашт. Он ҳангом Ада ҳашт сол дошт. Модари Ада аз лорд Байрон, ки ба шеър алоқаманд буд кинадор монд ва барои Ада риёзиёту мантиқро ташвиқ кард ва саъй кард монеъи парвариши ончӣ ӯ девонагии падараш мепиндошт шавад вале алорағми ин мавзуъ Ада алоқаманди падараш дар шеър боқӣ монд (ва ҳатто бо дархост вай дар канори падараш дафн шуд)

Эзоҳ[вироиш]