Адвексия
Зоҳир
Адвексия (лотинӣ advectio – таҳвил, ҷой иваз кардан) — дар метеорология таҳвили уфуқии ҳаво ва хосиятҳои физикавии он. Дар натиҷаи адвексия дар ҳаво таҳвили гармӣ, сардӣ, намӣ ва дигар ҳодисаҳои атмосферӣ ба амал омада, ба ҳолати обу ҳавои замин таъсир мерасонанд. Дар ҳолати ба самти уфуқӣҷой иваз кардани обу ҳавои ягон мавзеъ ва унсурҳои метеорологии он адвексия ба вуҷуд меояд. Ҳодисаҳои атмосфериро, ки дар натиҷаи адвексия ба амал меоянд, адвективӣ меноманд. Масалан, туман, раъду барқ ё гармои адвективӣ ва ғайра Дар уқёнусшиносӣ адвексия таҳвили обро ҳам ба таври уфуқӣҳам ба таври амудӣ ифода мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.