Аддитивӣ
Зоҳир
Аддитивӣ (лот. additivus — замшаванда) — чунин хосияти бузургиҳост, ки тибқи он қимати бузургии ягон объекти яклухт ба ҷамъи қиматҳои бузургҳои қисмҳои алоҳидаи он (ҳангоми ба таври дилхоҳ ба қисмҳо тақсим кардани объект) баробар аст. Масалан, аддитивӣ будани ҳаҷм чунин маъно дорад: ҳаҷми ҷисми яклухт ба ҷамъи ҳаҷми қисмҳое, ки он ҷисмро ташкил медиҳанд, баробар мебошад. Ба монанди ҳамин дарозии хат, масоҳати сатҳ, массаи ҷисми физикавӣ ва ғайра бузургиҳои аддитивӣ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |