Аделаида
Шаҳр | |||||
Adelaide | |||||
|
|||||
34°56′ с. ш. 138°35′ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Австралия | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 28 декабр 1836 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 1 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+09:30[d] ва UTC+10:30[d] | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Номи қавмӣ | аделаидагӣ, аделаидагиҳо[1] | ||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Пешшумораи телефон | 08700, 08701, 08702, 08703, 08704, 08705, 08706, 08707, 08708, 08709, 08710, 08711, 08712, 08713, 08714, 08715, 08716, 08717, 08720, 08721, 08722, 08723, 08724, 08725, 08730, 08731, 08732, 08733, 08734, 08735, 08736, 08740, 08741, 08742, 08743, 08744, 08745, 08746, 08747, 08810, 08811, 08812, 08813, 08814, 08815, 08816, 08817, 08819, 08820, 08821, 08822, 08823, 08824, 08825, 08826, 08827, 08829, 08830, 08831, 08832, 08833, 08834, 08835, 08836, 08837, 08839, 08840, 08841, 08842, 08843, 08844, 08845, 08846, 08847, 08849 | ||||
Нишонаи почта | SA 5000 | ||||
|
|||||
adelaidecitycouncil.com | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аделаида (англ. Adelaide) — шаҳр ва яке аз бандарҳои калони баҳрии соҳили ҷанубии Австралия, дар халиҷи Сент-Винсент, дар резишгоҳи дарёи Торренс. Пойтахти штати Австралияи Ҷанубӣ. Аҳолиаш 1138800 нафар (2006).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аделаида 28 декабри 1836 бунёд гашта, ба шарафи ҳамсари шоҳи Британия Вилгелми IV– шоҳбону Аделаида номгузорӣ шудааст.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Аделаида саноати худравсозӣ, киштисозӣ, коркарди нефт, металлургия, саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, электротехникӣ, инчунин электроника ва механикаи дақиқ тараққӣ кардааст. Ба воситаи бандари Аделаида қисми зиёди маҳсулоти содиротии хоҷагии қишлоқи Австралия (гандум, меваҷот, машрубот, пашм) бароварда мешавад. Дарёи Торренс шаҳрро ба ду қисм: ҷанубӣ (маркази маъмурӣ) ва шимолӣ (маҳалли истиқоматӣ) ҷудо мекунад.
Илм ва маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Аделаида маркази муҳими илмӣ ва маданист. Дар Аделаида донишгоҳ, осорхонаи таърихи зинда, обсерватория, нигористон мавҷуд аст.
Ёдгориҳои меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёдгориҳои меъмории асили динии нимаи Аделаида 19 ва аввали садаи XX маҳфуз мондаанд. Дар Аделаида ҳар ду сол моҳи март фестивали умумиҷаҳонии санъат (бо фарогирии тамоми ҳунарҳои саҳнавӣ ва манзурӣ) гузаронида мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Городецкая И.Л., Левашов Е.А. Русские названия жителей: Словарь-справочник. — М.: АСТ. — 363 с. — ISBN 5-17-016914-0.
- ↑ https://www.abs.gov.au/census/find-census-data/quickstats/2021/UCL401001
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.