Адронҳо
Зоҳир
Адронҳо (юнонӣ αδρος – бузург) — синфи зарраҳои бунёдие, ки таъсири мутақобилаи бузург доранд.Ба ду гурӯҳи калон: барионҳо (бо заряди барионии В=1) ва мезонҳо (бо заряди барионии В=0) ҷудо мешаванд. Истилоҳи адронҳоро физики советӣ Л. Б. Окун соли 1962 ҳангоми гузаштан аз тамсилаи зарраҳои таъсири мутақобилаашон бузурги Саката ба назарияи кваркӣ пешниҳод кардааст. Адронҳо ба ададҳои квантӣ (аҷобат, малоҳат, фаттоният) моликанд, ки дар раванди таъсири мутақобилаи бузург боқӣ мемонанд. Аксари моддаҳои муоинашавандаи табиат аз барионҳо ташаккул ёфтаанд (нуклонҳо), ки ядрои атомро ташкил медиҳанд. Нигар Барионҳо, Мезонҳо, Зарраҳои бунёдӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.