Аждар
Аждар | ||||||||||
| ||||||||||
Таснифоти илмӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
ХАБАР ДАР БОРАИ ХАТОӢ
Шаблони таксономии {{Varanus komodoensis }} вуҷуд надорад, ки бояд мавқеи таксони Varanus komodoensis-ро дар таснифоти биологӣ тавсиф намояд. Лутфан, параметрҳои parent ва rang-ро пур кунед. | ||||||||||
Номи илмии байналмилалӣ | ||||||||||
| ||||||||||
|
Аждар 1) Draco – як гурӯҳи ҷонварони хазанда. Аждар 14 намуд дошта, бештар дар галаҷазираи Малай ва Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон) дучор меоянд. Дарозиашон то 30 см, думашон борики дароз. Дар паҳлӯ пӯсти чин дар чин («парашют») дошта, ба воситаи он то 20 – 25 м парвоз мекунанд. Одатан дар болои дарахтон маскан мегиранд. Маъмултарини онҳо аждари паррон (D. volans) аст. 2) Varanus komodensis (Аждари Комодо), калонтарин ва қадимтарин хазанда. Дар ҷазираҳои Комодо, Ринҷа ва Флореси галаҷазираҳои Зонди Хурд сукунат дорад. Дарозиаш 3 – 3,5 м, вазнаш 130 – 166 кг, сараш чун сари мор, думаш калон, танаш пулакчадор. Хуб шино мекунад. Ғизояш ҳайвонҳои сумдор (гавазн, асп, гуроз ва ғайра), маймун ва дигар ширхӯрҳост. Сайдашро бо дум зада меафтонад, баъзеашонро яклухт фурӯ мебарад. Моҳҳои май зери решаи дарахт ё харсангҳо то 25 дона тухм мегузорад. Баъди 8 – 8,5 моҳ аз тухм аждарбачаҳо мебароянд.[3]
Инчунин нигаред[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
Манбаъ[вироиш]
- ↑ Integrated Taxonomic Information System — 1996.
- ↑ The Reptile Database / P. Uetz — 2015.
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, - с. 203