Калтакалос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Калтакалос
Jes chot1.jpg
Шаблон:Bt-ruslat
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Lacertilia

Синонимҳо
Sauria
Паҳншавӣ

акс

Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   173862
NCBI   32561
EOL   3101501
FW   199119

Калтакалос, келас, калпеса, карбоса (лотинӣ: Lacertilia, қаблан Sauria) — як навъ ҷонвар аз зерқатори синфи хазандагон.

Таснифоти зоологӣ[вироиш]

Бино ба таснифоти зоологӣ калтакалосҳо (Sauria) яке аз зерқаторҳои синфи хазандагон мебошанд (боҳтур, сусмор ва буқаламунро низ дар бар мегиранд).

Тавсифоти зоологӣ[вироиш]

Дарозии танаашон аз 3,5 см то 3 м (аждари Комодо). Танаи калтакалосҳо паҳни дарозруя ва пӯсташон шахшули дағар-буғур аст. Баъзе намудҳои калтакалосхо пойҳои бақуввати панҷадор дошта, баъзеи дигарашон умуман бепой ва ба мор монанданд. Пардаи чашми аксар калтакалосҳо мутаҳаррик аст. Дандонҳои калтакалосҳо ду хеланд: плевродонтӣ (дандонҳое, ки ба ком часпидаанд) ва акродонтӣ (дандонҳое, ки дар вора ҷой гирифтаавд). Дандони калтакалосҳои заҳрдор новакҳои махсус дорад, ки ҳангоми газидан аз он заҳр ҷорӣ мешавад. Забони калтакалосҳо низ гуногун аст. Забони баъзеи онҳо паҳну ғафс (масалан, забони офтобгардакҳо ва гекконҳо), баъзеи дигарашон дарози душоха (масалан, забони сусморҳо) ё ниҳоят борик (масалан, забони буқаламунҳо) мебошад. Ранги калтакалосҳо гуногун буда, одатан, вобаста ба муҳит тағйир меёбад (хусусан ранги калтакалоси бешаҳои тропикӣ).

Калтакалос

Ба аксар калтакалосҳо диморфизми ҷинсӣ хос аст. Бисёр калтакалосҳо ҳангоми онҳоро таъқиб кардани душман думи худро мепартоянд. Думи партофтаи калтакалос баъзан то чанд соат меҷунбад ва бо хамин диққати душманро ба худ ҷалб мекунад. Калтакалосҳо аз эзозухий — хазандаҳои мурда-рафтае, ки боқимондаи онҳо аз таҳшинҳои перми боло ва триаси Амрикои Ҷанубӣ ёфт шудаанд, ба вуҷуд омадаанд. Калтаклосҳои ҳозира аз охири давраи юра маълуманд. Калтакалосҳо дар замин, дарахт, шахсорон, зери хок ва дигар ҷойхо зиндагӣ мекунанд. Узвҳои сомеаи калтаклос нағз ва узвҳои шоммаашон нисбатан суст инкишоф ёфтаанд. Ҳарорати бадани калтаклосхо ба харорати муҳит баробар мешавад, бинобар ин онҳо зимистон ба хоб мераванд. Ғизои аксар калтакалосҳо ҳашарот, тортанак, кирм ва нармбаданҳо мебошанд. Калтакалосҳои калон муш, калламуш, парранда, қурбоққа, мор ва лоша мехӯранд. Дар байни баъзе намудҳои калтакалос ҳодисаи канибализм вуҷуд дорад, яъне калтакалосҳо калон калтакалосчаҳои хурдро мехӯранд.

Калтакалосҳо аз паи парвариши насли худ намешаванд ва бинобар ин бачаи онхо баъди аз тухм баромадан мустақилана зиндагӣ мекунад. Дар Тоҷикистон 29 намуди калтакалос дучор меояд (асосан дар ҳамвориҳо сукунат доранд).

Калтакалос миқдори зиёди ҳашароти зараррасони хоҷагии қишлоқро нобуд карда, фоида меоранд. Дар бадани калтакалос баъзе ҳашароти хунмак ва канаҳо зиндагӣ мекунанд ва бинобар ин онҳо боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ гардида метавонанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Жизнь животных,т. 4, ч. 2, М., 1969;
  • Банников А. Г. Земноводные и пресмыкающиеся СССР, М., 1971;
  • СаидАлибов С. А., Земноводные и пресмыкающиеся Таджикистана, Душанбе, .1974.