Азиза Азимова
Таърихи таваллуд: | 5 декабр 1915[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1997 |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпешаи балет, ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: |
Азиза Азимова — раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1939). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азиза Азимова 1915 дар қишлоқи Сурхи (Тоҷкистони шимолӣ) ба дунё омадааст. Аз синни 2 солагӣ ба Бухоро кӯчидааст. С. 1927 дар омӯзишгоҳи педагогии занонаи Бухоро таҳсил намуда, дар дастаи ҳаваскорони он ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 1930-1932 ҳунарпешаи Театри сайёри коргарони Тошканд. С. 1932 баъди ба Тоҷикистон омадан артисти Театри давлатии драмаи тоҷик ва раққосаи Театри мусиқии тоҷик (ҳоз. Театри давлатии академии апера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ; 1938-1946) буд. Хатмкардаи шуъбаи режиссёрию балетмейстерии Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи шаҳри Маскав (1951). Солҳои 1951-1964 сарбалетмейстери Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Солҳои 1964-1965, 1983-1985 дар Театри Кобулнандории Афғонистон устоди рақс буд. Аз 1967 дотсент, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Нақшҳои Ширин («Мубориза»-и А. Усмонов), Раъно (пиесаи ҳамноми А. Саидмуродов), Аделма («Маликаи Турандот»-и К. Готси) ва ғ. дар саҳнаи балет нақшаҳои Нозгул («Ду гул»-и А. Ленский, 1941), Лиза («Эҳтиёткории беҳуда»-и П.Л. Гертел, 1943), Мария («Фавораи боғчасарой» - Б. Асафев, 1945) аз ҷумлаи беҳтарин нақшҳои офаридаи А. мебошанд. Дар драмаҳои мусиқии «Гулсара»-и К. Яшин (1938), «Розия»-и Ё. Акубҷонов ва Н. Зелеранский (1942), «Суруди ғазаб»-и Г.Г. Эл-Регистон ва А.М. Крепс (1942), намоишномаи мусиқии «Лола» (1938) ва нахустин операҳои тоҷик – «Шӯриши Восеъ» (1939) ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян (1940), «Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. Ленский (1944) як қатор рақсҳои яккаса ва бисёркасаро бо маҳорат иҷро намудааст. Ба қавли Н. Нурҷонов: А. «яке аз аввалин раққосаҳоест, ки техникаи рақси классикии аврупоиро аз худ намуда, бо унсурҳои рақси миллӣ омезиш додааст» ва ин ҳунарашро ба шогирдон ёд медод. А. балетҳои «Лолаи сурх», «Доктор Айболит»-ро ба саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ гузоштааст. Ӯ муаллифи якчанд китоби дарсӣ, брошюра ва мақолаҳо оид ба санъати хореографии Тоҷикистон аст..[2]
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1941)
- бо 2 Ордени «Нишони Фахрӣ»
- бо 2 Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудааст.[3]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Театральная энциклопедия. Гл. ред. С. С. Мокульский. Т. 1 — М.: Советская энциклопедия, А — «Глобус», 1961, 1214 стб. с илл., 12 л. илл.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://fayllar.org/p-rominent-t-ajik-f-igures-of-the.html?page=6
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 14 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2
- ↑ Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷилди 1. — Душанбе, 1988, — С. 113.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Азимова Азиза(пайванди дастнорас)
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 5 декабр
- Зодагони соли 1915
- Зодагони Тоҷикистон
- Даргузаштагони соли 1997
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Раққосаҳои Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешазанҳои Тоҷикистон
- Феҳристи ҳунарпешагон
- Ҳунарпешазанони асри ХХ