Балет
Балет (фаронс. – ballet, итол. – balletto, лот. – ballo – “мерақсам”) — навъи санъати саҳнавӣ, ки дар он мазмуни асару воқеа ба воситаи образҳои рақсӣ ва мусиқӣ ифода меёбад.
Суҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Суҷаии балет дар либретто (сенария) ифода мегардад. Дар асоси либретто мусиқӣ ва рақсу пантомима меофаранд, ороиши саҳна (декоратсия) ва либос тайёр мекунанд. Балет бо ҳамкории сенариянавис, оҳангсоз, балетмейстер, артистони балет ва рассоми ороишгар таҳия мегардад. Баъзан мусиқӣ дар балет чун воситаи ҳамовозӣ истифода мешавад. Вале, дар бисёри мавридҳо ба воситаи рақс мазмуни мусиқӣ тафсир меёбад. Дар балеиҳои сужетдор эпизодҳои хосса (па-де-аксон) ва саҳнаҳои имову ишоравӣ мавқеи намоён доранд. Дар ҷараёни инкишофи балет шаклҳои хореографии зерин: дуэт (па-де-де), рақсҳои гурӯҳӣ ва оммавӣ (па-де-труа, па-де-карт, гранпа, па-де-ансамбл ва ғайра) ба вуҷуд омадаанд, ки аз ҷониби балерина, раққоси (раққосаи) якка, солист ва рақсҳои умумӣ бо кордебалет иҷро мешаванд. Балет анвои зерин дорад: қаҳрамонӣ, драмавӣ, ҳаҷвӣ, романтикӣ, феерия, пантомима ва ғайра. Дар балети классикӣ сужетҳои асотирӣ, афсонавӣ ва хаёлӣ хеле маъмул буданд. Балет дар асоси рақсҳои классикӣ, халқӣ, иғроқӣ (гротескӣ) ва пантомима офарида мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Балет дар Аврупо дар Давраи Эҳё пайдо шуда, ҳамчун навъи мустақили санъати театрӣ ташаккул ёфтааст. Аввалин намоишҳои дабдабаноки театрӣ, ки дар онҳо рақс бо суруду мусиқӣ ва декламатсия омезиш меёфт, охири асри ХV ба вуҷуд омаданд. Дар асри XVIII устодони санъати рақс англисҳо Ҷон Рич, Ҷон Уивер, австриягӣ Франс Гилфердинг, итолиёӣ Гаспаро Анҷолини, фаронсавиҳо Мари Камарго, Огюс Вестрис, Луи Дюпор, Мари Салле, Добервал, махсусан, Жан Жорж Новерро дар инкишофи балет ҳиссаи сазовор гузоштанд. Дар баробари рақси классикии аврупоӣ, сабки классикии шарқӣ (хитойӣ, [[ҷопонӣ, ҳиндӣ, сейлонӣ, индонезӣ), ки бо маданияти миллии чандинасраи халқӣ алоқаманд мебошад, барои ташаккули балет нақши муҳим бозидааст. Дар рушду ташаккулу инкишофи рақси классикии рус И. Валберх, А. Глушковский, К. Дидло, М. Петипа, Л. Иванов, А. Горский, М. Фокин барин устодони рақс хидмати сазовор кардаанд. Чоряки охири асри XIX дар таърихи балети рус марҳалаи бузург гардид. Дар ин давра балетҳои «Кӯли қувон» (1876), «Нозанини хуфта» (1889) ва «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский (1892) пайдо шуданд, ки на танҳо шуҳрати санъати балети рус, балки дараҷаи инкишофи хореографияи ҷаҳонро баланд бардоштанд. Хореографияи шӯравӣ анъанаҳои беҳтарини балети русро қабул намуда, дар асоси он инкишоф ёфт. Ходимони санъат як қатор спектаклҳои барҷаста: «Лолаи сурх», «Фаввораи Боғчасарой», «Ромео ва Ҷулйетта», «Золушка», «Гули сангин», «Лавренсия», «Спартак», «Аз роҳи раъду барқ», «Афсонаи ишқ», «Ангара», «Макбет», «Асри тило» ва ғ.-ро ба саҳна гузоштанд, ки репертуари доимии театрҳои шӯравӣ гардиданд. Мусиқии ин асарҳоро композиторон Р. Глиэр, Б. Асафев, С. Прокофев, О. Маликов, хореографияашонро Р. Захаров, Ю. Григорович, В. Чабукиани, К. Сергеев, Л. Якобсон барин устодони номии рақс офариданд. Дар балет раққосу раққосаҳои мумтози шӯравӣ М. Семёнова, Г. Уланова, М. Плисетская, Н. Дудинская, А. Мессерер, А. Ермолаев, М. Габович, В. Василев, Е. Максимова, Н. Павлова, М. Собирова ва бисёри диг. ба камол расиданд.
Балети тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Балети тоҷик дар асоси анъанаҳои бойи рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи русу ҷаҳон ба майдон омадааст.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон балети миллӣ, бинобар ҳаводиси сиёсию иҷтимоии солҳои аввал, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, аксари раққосони таҷрибадида саҳнаро тарк карданд, қисмате аз ҷумҳурӣ ҳиҷрат намуданд. Баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ, Ҳукумати ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ ва роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ якчанд тадбирро ба нақша гирифтанд. Бинои театр таъмиру тармим гардид ва гурӯҳи эҷодии боқимонда, сарфи назар аз душвориҳо, корро идома дод. Дар давоми чанд соли ахир дар саҳнаи театр як силсила асарҳои нав, аз ҷумла балетҳои «Юсуф ва Зулайхо»-и Т. Шаҳидӣ (аз рӯйи достони Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Сиёвуш» (муаллиф ва устоди рақс С. Азаматова), «Карашмаҳои муҳаббат»-и В. Мотсарт, «Буратино»-и Н. Собитов, «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов ва ғ. намоиш дода шуданд, ки ҳамаи онҳоро сарбалетмейстери театр С. Азаматова таҳия намудааст. Як қатор раққосу раққосаҳои ҷавону боистеъдод, монанди А. Бахман, З. Беляева, Д. Валиева, Б. Давлатов, И. Раҷабов ва диг. ба арсаи ҳунар баромаданд. Як зумра ҷавонони лаёқатманд – Ф. Қосимова, М. Азимзода, П. Тошмуҳаммадова, И. Убайдуллоев, М. Маҳмудзода ва У. Сангализода барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи академии хореографии шаҳри Перми Федератсияи Россия фиристода шуданд, ки муддати 8 сол дар ин омӯзишгоҳи номӣ таҳти сарпарастии устодони бомаҳорати балети рус Ю. Толстухин ва Н. Костелёва таҳсил карда, ба театр баргаштанд. Ин ҷавонон таҳти сарпарастии сарбалетмейстри театр, дорандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Эмил Акматов дар балетҳои классикӣ – «Дон Кихот»-и Л. Минкус, «Жизел»-и А. Аден, «Кармен-сюита»-и Ж. Бизе–Р. Шед-рин, «Шелкунчик»-и П. Чайковский ва ғ. нақшҳо офариданд. Бо мусоидати ин ҷавонон ва ташаббуси роҳбарияти театр санъати Б. хеле тақвият ёфт ва барои ба саҳна гу-зоштани асарҳои композиторони ҷаҳон ва муосири тоҷик шароити эҷодӣ фароҳам омад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нурджанов Н. Таджикский театр. М., 1968;
- Проценко А. И. Танцевальное искусство Таджикистана. Д., 1979:
- Нурджанов Н. Опера и балет Таджикистана. Д., 2010.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Балет // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.