Азизулло Авезов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Азизулло Авезов
Авезов Азизулло Ҳабибович
Таърихи таваллуд: 1 январ 1956(1956-01-01) (65 сол)
Зодгоҳ: Хуҷанд
Фазои илмӣ: иқтисодиёт
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ: профессор
Алма-матер: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1958)

Азизулло Авезов (Авезов Азизулло Ҳабибович; тав. 1 январи 1956, Хуҷанд) [—] иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1999), профессор (2000). Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2000).[1]

Зиндагинома[вироиш]

Азизулло Авезов Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1979) ва аспирантураи Пажуҳишгоҳи марказии иқтисоди-математикии АУ ИҶШС (1986, шаҳри Маскав)-ро хатм намудааст. Дар гурӯҳи кории машварати назди Президенти АУ ИҶШС тачрибаомӯзи кардааст (ш. Маскав, 1983-86). Ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, сардори шӯъба, ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣи Пажуҳишгоҳи иқтисодии АУ ҶШС Тоҷикистон (1986-89), мушовири шӯъбаи иқтисодии КМ ХК Тоҷикистон (1989-90), директори бахши Хуҷандии Пажӯхишгохи иқтисодиёти чахони ва алокаҳои байналхалқи (1993—2003), ҷонишини директори Донишкадаи менечмент ва технологияи компутарии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. А. рохбар ва мураттиби барномаи дигаргунсозии иқтисодиёти шаҳри Хуҷанд ва вилояти Сугд, раиси Шӯрои иқтисодии назди раиси хукумати шаҳри Хуҷанд, узви Шӯрои иқтисодии назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон (1990-91), рохбари лоихаи корпоратсия Прагма (ЮСАИД) дар Тоҷикистон мебошад. Мутахассис дар соҳаҳои ислохоти иқтисоди, иқтисодиёти энергетика ва истифодаи усулҳои иқтисоди-математикии тадқиқот аст. Муаллифи зиёда аз 100 кори илмӣ мебошад. Дар донишгоҳҳои Небраска ш.Линколни ИМА (1994-95) ва Крэнфилди Бритониёи Кабир (1997) бозомӯзи намудааст.

Осори илмӣ[вироиш]

  • Эффективность формирования и развития национальной энергетической системы Таджикистана. — Д., 1999;
  • Эффективность освоения гидроэнергетического потенциала малых рек в горных регионах. — М., 1987;
  • Методические вопросы развития энергетики сельских районов. Сибирский энергетич. институт. СО АН СССР. — Иркутск, 1985.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]