Jump to content

Абдуҷаббор Азизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуҷаббор Азизӣ
Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Азизӣ
вакили маҷлиси намояндагони мо ҷт

Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор Азизӣ – собиқ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуҷаббор Азизӣ 23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира ноҳияи Нуробод ) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

  • Соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.
  • Фаъолияти кориашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии "Тоҷиксельхозтехника" оғоз кардааст.
  • Аз соли 1979 то 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомоли омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 57, мудири шуъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб) кор кардааст.
  • Солҳои 1987-1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ (инструктор, мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст.
  • Солҳои 1991-1994 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия, солҳои 1994-1995 муовини раиси ноҳияи Данғара ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.
  • Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
  • Аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
  • Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъйин гардид.
  • 1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.
  • Солҳои 2015-2020 дар вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
  • Аз 17 декабри соли 2019 то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.[1]</ref>
  • Оиладор падари 3 фарзанд мебошад.

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • Бо медалҳои ҷашнии 20 ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва медали ҷашнии 10 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[2]</ref>