Jump to content

Азиз Раҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Азиз Раҳим
Азиз Раҳим
Номи пурра Азиз Раҳим
Таърихи таваллуд: 9.07. 1941
Зодгоҳ: ноҳияи Балҷувон
Таърихи даргузашт: 13.06. 2008
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: (1995 – 2002)
Забони осор: тоҷикӣ

Азиз Раҳим (Раҳимов Азиз; таваллуд 9 июли соли 1941, деҳаи Дектури ноҳияи Балҷувон – 13 июни соли 2008, шаҳри Қурғонтеппа ), шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ҶТ (1958) ва Институти маданияти шаҳри Москва (1962). Дар ноҳияҳои Колхозобод, Восеъ дар соҳаи фарҳанг – кинонамоишдиҳӣ кор кардааст. Сардори Раёсати кинопрокати Тоҷикистон (1995 – 2002). Аз соли 2002 мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ва ҳамзамон мудири кафедраи забони донишгоҳи мазкур буд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Қатраҳо» (1988), «Моҳқоқу», «Кокули бом», «Ширмоҳи нав баромад» (ҳар се 1991), «Бахтнома» (1993), «Меҳрнома» (1996), «Расми вафо» (2005), «Нигоҳи меҳр» (2007), «Тақдирнома» (2008) мебошад. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1998.