Jump to content

Азимбойи наве аз ангурҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Азимбойӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллӣ. Селексияи халқист. Баргаш миёнаҳаҷми гирда, 3 – 5-парра. Гулаш дуҷинса, хӯшааш миёнаҳаҷм (андозааш 22 × 16 см, вазнаш андаряк 375 г, баъзан то 1,5 кг), махрутшакл, шингилҳои болоияш нағз инкишоф ёфтаанд. Ғужбаш зич, сафеди зардтоб, ғужмаш тунук, гӯшташ хамираки сероб (аз ҷиҳати серобӣ ва таъм навъи обаки сафедро мемонад), ширин ва андак нордон. Баъди пурра пухтан то 23 % қанд ва 5,5 – 7,5 г/л туршӣ дорад. Токаш зуд месабзад, 45 – 55-фоизи навдаҳояш самаровар. Даври нашви токаш 137 –148 рӯз; аввали май гул карда, нимаи дуюми август мевааш мепазад. Аз ҳар га 180 – 200 сентнер ҳосил меғундоранд. Меваашро асосан тар мехӯранд, барои афшураву шаробкашӣ ҳам истифода мебаранд. Азимбойӣ бештар дар токзорҳои ҳаётаи сокинони ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт ва вилоятҳои Фарғонаю Андиҷони Ӯзбекистон парвариш меёбад. Токаш сармобардор аст (аз хунукии 18 – 20°С осеб намеёбад). Ба камобӣ ва намак тобовар, дар заминҳои санглох, обҳои зеризаминиаш наздик низ хуб месабзад. Азимбойиро саҳван Думи рӯбоҳи зард низ меноманд. Токаш аз касалии гарда ва баргпечаки хӯшаи ток зарар мебинад.

  • Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда, т. I, М., 1963;
  • Рубан Н. Г., Сорта винограда Средней Азии, Ташкент, 1972.