Азим Норматов
Азим Норматов | |
Таърихи таваллуд | 24 декабр 1933 |
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 4 феврал 1999 (65 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Азим Норматов (тав. 24.12.1933, деҳаи Воготи ноҳияи Истаравшан – ваф. 04.02.1999, шаҳри Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика- математика (1967), дотсент (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1953–1958 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1959–1960 лаборанти калони кафедраи физикаи умумии донишгоҳи номбурда, 1960–1963 аспирант, 1963–1967 ходими калони илмии шуъбаи физикаю математикаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1967–1970 мудири лабораторияи проблемавии истифодаи ултрасадо дар химия ва биология дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1970–1976 декани факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1976–1982 дотсенти кафедраи физикаи умумӣ, 1982–1987 мудири кафедраи номбурда дар донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1987–1999 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Оид ба хосиятҳои акустикӣ ва физикию химиявии системаҳои кислотаи уксус-этилатсетат-спирти этилӣ-об кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 40 номгӯи корҳои илмӣ, илмию методӣ ва таълимию методӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия нашр шудаанд. Бо ташаббуси бевоситаи ӯ дар факултети физикаи донишкадаи омӯзгорӣ лабораторияи илмию тадқиқотии акустикӣ ташкил карда шуда буд. Бо Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко(1979) сарфароз шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асосҳои физикаи молекулавӣ ва термодинамика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1986;
- Механика. Қ. 2 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1989;
- Газҳои реалӣ, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1989;
- Механика ва физикаи молекулӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1990.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 24 декабр
- Зодагони соли 1933
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Истаравшан
- Даргузаштагони 4 феврал
- Даргузаштагони соли 1999
- Номзадҳои улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон