Jump to content

Азия-Плюс (ширкати радиову телевизион)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
«Азия-Плюс»
Шаҳр Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Формат иттилоотӣ, фарҳангию дилхушӣ
Басомад 107 FM
Замони пахш шабонарӯзӣ
Минтақаи пахш  Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ ва русӣ
Таърихи оғози пахш 9 сентябри 2002
Вебгоҳ http://www.asiaplustj.info
Facebook https://www.facebook.com/newstj
Пахши зинда asiaplusradio.tj

«Азия-Плюс» — нахустин ширкати радиову телевизионии мустақили ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки яке аз 3 ширкатҳои мустаъқили ҶДММ «Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» аст.

Соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар сохтори «Азия-плюс» радиостансияи «Азия-Плюс» фаъолият дорад, ки садояш бори аввал 9 сентябри 2002 дар Рӯзи истиқлоли Ҷумхурии Тоҷикистон пахш шуд. Барномаҳои радиои «Азия-плюс» дар як шабонарӯз 24 соат ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шунавонида мешаванд. Аз барномаҳои радиои «Азия-плюс» сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он истифода мебаранд. Дар сохтори «Азия-плюс» продакшнстудияи телевизионӣ низ фаъолият дорад. Студияи мазкур ба истеҳсоли филмҳои ҳуҷҷатӣ, наворҳои рекламавӣ ва клипҳои мусиқӣ машғул аст. «Азия-плюс» дар давраи фаъолияташ як қатор иқдому лоиҳаҳои бузург доир намудааст: маросими супоридани ҷоизаҳои мусиқӣ дар соҳаи санъати мусиқии муосири Тоҷикистон «Суруди сол» (2003, 2004, 2005) ва «Навои дил» (2007), консерти идона бахшида ба 13-солагии Рӯзи истиқлоли Ҷумхурии Тоҷикистон (2004), иқдомҳои иҷтимоии «Маҳбуб», «Форуми бачагонаи об» (бо фармоиши СММ ва ЮНИСЕФ; 2003), консертҳои ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии КВД ҳавопаймоии «Тоҷикистон» (2004), Рӯзи энергетикҳо (2005), маросими ботантанаи аз нав саршавии сохтмони НБО Роғун (бо фармоиши ширкати РусАл, шаҳри Роғун; 2005), маросими ботантана кушодашавии меҳмонхонаи «Ҳаёт-Реҷенс»-и Душанбе (бо фармоиши ширкати «Русские отели, 2009») ва ғайра.[1]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]