Азодорӣ
Азодорӣ — марҳилаест, ки пас аз вафоти шахси наздик то як сол давом меёбад. Дар хонаводае, ки яке аз аъзои он фавтидааст, ҳамчун нишони дарду алам ва сӯгворӣ баъзе маросимҳо гузаронида мешавад, аҳли оила ва хешони наздик аз як қатор амалҳо худдорӣ мекунанд, дар либоспӯшӣ ва рафтори онҳо дар давоми як сол нишонаи мотаму андӯҳ ифода меёбад. Дар марҳилаи азодорӣ маросимҳои ҷаноза, дафн, «себегаҳа», «ҳафт», «душанбегӣ», «панҷшанбегӣ», «шашмоҳагӣ» «бист», «чил», «сари сол», «сол» ё солшикан маросимҳои азодории мардуми суннимазҳаби Тоҷикистон мебошанд, ки дар гузашта баргузор мешуданд. Дар маҷмӯъ, маъракаҳои азодориро бо номҳои «худоӣ», «оши худоӣ», «нондиҳӣ», «нон» ва ғайра меноманд. Азодорӣ аз лаҳзаи вафоти шахси наздик оғоз меёбад. Баробари ба вуқуъ омадани бадбахтӣ аҳли хонавода ба гиряву шеван шурӯъ мекунанд. Занҳо тавассути доду фарёд ва ифодаи шифоҳии ҳодисаи ба сарашон омада, мардумро аз авзоъи худ огоҳ менамоянд. Мардум бо шунидани овози гиряву фиғон ба мурдахона (сиёҳихона, аламхона, ғамхона) меоянд. Тарзи гиряву зорӣ дар минтақаҳои мухталифи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ аз якдигар тафовут дорад. Дар гузаштаи начандон дур занҳои водии Рашт ҳамчун нишони мусибат мӯйҳои бофтаи худро мекушоданд. Дар баъзе ҷойҳо занҳо даст ба сари худашон мезаданд, мӯйи сарашонро меканданд, рӯяшонро бо нохунҳо мехарошиданд. Дар баъзе деҳаҳои Дарвоз занҳову духтарон аз ғояти ғаму андӯҳ мӯйҳои паси гӯшашонро бо қайчӣ мебуриданд. Дар чанде аз деҳаҳои ин минтақа домани худро қадре медарониданд, ки ин амал аз мусибати сахти ба сарашон омада дарак медод. Шиддати гиряву нола ба синну соли шахси фавтида вобаста буд. Агар майита шахси калонсол (60-70 сола) бошад, хешу таборҳо мӯйҳоро намекушоданд, рӯйро ханҷол намекарданд ва бо овози пасттар гиря мекарданд. Инчунин дар вақтҳои муайян гиря кардандро манъ карда буданд. Масалан, дар саҳари рӯз ва вақти намози шом аз гиря худдорӣ менамуданд, зеро тибқи боварҳо, арвоҳи гузаштагон дар ин вақт ба ба хонаҳои «худ» меомадааанд ва садои гиряро шунида, ба хона даромада наметавонистаанд. Ҳамаи ин одатҳо аз давраҳои қадими тоисломӣ анъана шуда, то ба имрӯз омадаанд. Рӯҳониёни мусулмонон ин амалҳоро хилофи шаръ мешуморанд. Мардҳо низ гиряву зорӣ мекунанд, аммо нисбати занҳо камтар ва бо садои пасти дарунӣ. Онҳо танҳо дар марги шахси наздик мегирянд. Дар бисёр ҷойҳо ҳангоми гирякунӣ занҳо суханҳоро ба тарзи шеърмонанд баён мекарданд. Масалан, дар деҳаҳои Қаротегин ҳангоми гиря кардан барои духтари ҷавонмаргаш гӯянда чунин суханҳоро ба забон меовард:
- Вой, духтарум, духтари сиёҳпичам,
- Духтари арусии оча, духтар, духтар!
- Духтари пуралами пурҳасрати оча, духтар, духтар!
- Оҳ духтари дугонадори оча, духтар, духтар!
Дар аксари минтақаҳо занҳое буданд, ки дар рӯзи мусибат ҳамроҳи аҳли хонавода баланд гиряву нола карда, байту рубоиҳои ғамангез месуруданд. Ин гуна шахсонро «овозандоз» (Регар), «гӯянда» (Ҳисор), «нолакун» (Файзобод, Ромит, Қаротегин), «ҳайдареғхон» (Дарвоз), «навҳагар» (тоҷикони Сариосиё), «қушовоза» (Ҳисор, Оби Гарм) меномиданд, ки овозандозиро ба худ як навъ касб карда буданд. Чунончи, дар Курговад ин рубоиро мехонданд:
- Ай ин бара то ун бара дилгирум,
- Шавҳои дароз пой дар занҷирум.
- Эй, бод, биё бикшо дари занҷирум,
- То рӯз шава дилаки пурғамгинум.
Яке аз ойинҳои хеле қадимаи тоҷикон рақси маросимии рӯзи дафн мебошад, ки он аз ҷониби мардумшиносон мушоҳида ва ба қайд гирифта шудааст. Рақси мотамро дар Шаҳринаву Ҳисор, Регар ва қисман дар деҳаҳои навоҳии Файзобод, Оби Гарм, Рашт бо истилоҳҳои «садр», «самаъ» ва «судур» ном мебурданд. Садрравӣ рақси гурӯҳӣ буд, ки онро занҳо дар рӯзи дафни майити ҷавонмарг иҷро мекарданд. Дар баъзе деҳаҳои Дарвоз низ занҳо рӯзи дафн дар атрофи тобути холӣ гирд меистанд ва яке аз наздикони шахси фавтида дар дохили давра гирди тобут оҳиста-оҳиста чарх мезад. Ӯ дастонаш гоҳ ба росту гоҳ ба чап мебурд ва зери садои нолаҳо нарм-нарм қадам мезад. Дар гузаштаи начандон дур дар водии Хуф, Бартанг, Рӯшон, Язғулом ва қисман Дарвозу Ванҷ рӯзи дафн занҳо рақси «Пойамал»-ро иҷро мекарданд. Хешҳои наздик ва ҳамсоязанҳо ин рақсро дар пойгаҳи хонаи азодор ба ҷо меоваранд. Инчунин дар рӯи ҳавлӣ пас аз бурдани тобут ба гӯристон рақси пойамал иҷро мешуд. Дар замонҳои пеш бештар мардҳо тоқӣ ва чакмани кӯҳнаро чаппа пӯшида, рақси маросимии мазкурро барпо мекарданд. Ин амал ғаму андӯҳи зиёд доштанро ифода мекард. Имрӯзҳо ин рақсро, асосан, занҳо иҷро мекунанд, танҳо дар деҳаҳои Бартанги боло пойамал ҳам аз ҷониби мардҳо ва ҳам занҳо рақсида мешавад.
Пас аз хондани намози ҷаноза ва маросими дафни майита, мардҳо ба хонаи азодор омада, сураву оятҳоро аз Қуръони маҷид тиловат мекунанд ва ба арвоҳи шахси фавтидаву гузаштагони он хонадон мебахшанд. Дар баъзе деҳаҳои водии Қаротегину Дарвоз ва қисман водии Ҳисор расми «оши сари тахта» маъмул буд, ки дар рӯзи дафн баргузор мешуд. Ба мардҳо, аз хурд то калонсол, пеш ё пас аз адои намози ҷаноза аз оши сари тахта тақсим мекарданд. Дар Ӯротеппа (Истаравшани ҳозира) низ дар рӯзи дафн ба мардҳо ош медоданд, ки он «оши кавар» ном дошт.
Дар мурдахона то се рӯз хӯрок пухтан мамнуъ буд. Таомро ҳаққу ҳамсоя ва хешовандон меоварданд. Инчунин то се рӯз дар мурдахона бо овози баланд гап задан, чормағзу дона шикастан, садои тарақ-тарақи асобобҳоро баровардан мамнуъ буд. Рӯзи сеюм маросими себегаҳа гузаронида мешуд, ки онро «хонаҳалолкунон» (Дарвоз, Файзобод), «сиёҳибуророн», «сиёҳишувон» (Ҳисор, Шаҳринав) низ меномиданд. Дар ин маросим ягон чорпои хурдро забҳ мекарданд ва ба мӯсафедони масҷид, ҳамсояҳо ва хешу табор шӯрбо ё палав пухта медоданд. Пас аз ин хӯрок пухтан дар хонаи азодор мумкин мешуд. Аммо то як сол, баъзан то маросими «чил» («чилла»), дар ин хонадон пухтани оши бурида (угро, оши суюқ) мамнуъ буд. Тибқи ақидаи мардум, оши бурида аз хамирҳои буридаи дароз таҳия мешавад ва истеъмоли он, гӯё, ба дарозо кашидани азодорӣ ва такрори мусибат сабаб мешудааст. Дар маросими «ҳафта» («ҳафт», «оши сари ҳафта») аҳли деҳа ва хешовандони дуру наздикро даъват мекарданд. Як рӯз пеш, одатан, гови калон мекуштанд ва рӯзи маросим дастархони калон густурда мешуд ва ба мардум хомшӯрбо ё оши палав медоданд. Муллоҳо аз Қуръони карим оятҳо хонда, авоҳи гузаштагон мебахшиданд. Занҳо ҳалво, қатлама, чалпак ва дигар хӯришҳо пухта, бо худ ба маъракаи «ҳафт» меоварданд. Дар дастархонҳо занҳо нонҳоро ба шумори тоқ (3 ё 5 то) меоварданд. Зеро ба миқдори ҷуфт овардани нонҳо хосияти хуб надошт ва такрор ё ҷуфт шудани ҳодисаро ифода мекард. Ҳамин тариқ, то барпо кардани маросими «оши сол» ҳисоби нонҳо тоқ буд. Баъди «оши сол» чун одати маъмулӣ нонҳоро ҷуфт карда меоварданд ва ба соҳибхона «ҷуфт будан» («тӯйхона шудан»)-ро орзу мекарданд[1].
Баъди маросими «ҳафта» рӯзҳои душанбею ҷумъа 5-7 нафар мардҳоро ба хонаи азодор даъват мекарданд ва дастархон кушода, таом медоданд. Ин расмҳоро «бегаҳи душанбегӣ» ва «ҷумъагӣ» меномиданд. «Бегаҳи душанбегӣ» то маросими «чил» давом меёфт, аммо «ҷумъагӣ» то як соли пурра баргузор мешуд. Пас аз хӯрдани таом ҳатман оёти Қуръон ва дуову фотиҳа хонда, ба арвоҳи гузаштагон мебахшиданд.
Дар рӯзи бистуми баъд аз вафоти шахс дар Ҳисор, Файзобод, Варзоб, Ромит, Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза) ва дигар ҷойҳо маросиме бо номи «чилшикан» ё «бист» барпо мекарданд. Дар Кӯлоб, Восеъ, Қубодиён, Шаҳритус онро «бистшиканон» меномиданд. Ин маърака чандон калон набуд ва дар он аҳли хонавода бо хешони наздик ва ду-се ҳамсоя иштирок менамуданд. Маросими «чил» («оши чил», «оши калон») нисбатан маъракаи калон ба шумор рафта, дар рӯзҳои 35-38-уми пас аз фавти майита созмон дода мешавад. Ба он аҳли деҳа, гузар ва хешони дуру наздик даъват мешаванд. Дар он чорпои калони шохдор забҳ мешавад ва барои меҳмонон оши палаву хомшӯрбо пухта медоданд. Занҳо атолаи сафедаку тарҳалво ва қатлама мепухтанд. Сокинони водиҳои Қаротегину Ҳисор маъракаи чилро як навъ маросими «хотирҷамъии арвоҳ» ва «азобуроён» медонистанд. Пас аз барпо кардани ин маросим азодорон қисман аз мотаму азо берун меомаданд. Дар баъзе деҳаҳои водии Зарафшон мардҳо то мароисими чил мӯйи сар ва риш наметарошиданд. Дар муддати чил рӯз ба занҳо суруду мусиқӣ гӯш кардан, ба меҳмонӣ рафтан, дар тӯю сури дигарон иштирок кардан иҷозат набуд.
Пас гузаронидани чил ба марди бевамонда иҷозати дубора оиладоршавиро медоданд. Аммо маъмулан, мардҳо то баргузории оши сол сабр мекарданд. Бевазанҳо қоидаи шаръӣ бояд расми «иддат»-ро риоя мекарданд ва 4 моҳу 10 рӯз бояд мунтазир мешуданд ва пас аз ин муддат метавонистанд, дубора издивоҷ намоянд. Зеро дар ин муддат ҳомила будан ё набудани бевазан маълум мешуд. Бевазани ҳомила то таваллуди тифлаш иддатро риоя мекард. Одатан, бевазанҳо ба хотири эҳтироми рӯҳи шавҳари фавтидаашон то 2-3 сол издивоҷ намекарданд.
Дар муддати азодорӣ занҳои хонавода то ба гузаштани як соли пурра либосҳои бегул ё камгули сафедранг мепӯшиданд. Бо гӯшвору ангуштарину зевар худро оро намедоданд. То як сол ба ҷашну хурсандиҳо намерафтанд. Танҳо баъд аз баргузории маросими оши сол ин амалҳо иҷозат дода мешуд. Азодории мардҳо андаке сабуктар буд. Онҳо то маросими чил азодорӣ мекарданд, баъд аз он, одатан, ба тӯю маъракаҳои дигарон мерафтанд.
Мардумшиносон як навъи азодории дигарро низ ба қайд гирифтаанд, ки ба асп ва дарахт марбут мебошад. Ҳамидҷонова М. навиштааст, ки дар байни тоҷикони Норак ва ҳавзаи дарёи Вахш расме буд, ки ба ғайр аз одамон аспи шахси фавтида ва дарахти шинондаи ӯ низ мотам мегирифтанд. Агар майита асп дошта бошад, рӯзи дафн зину афзори аспро дуруст карда, ба чашмаш латтаи сиёҳ ё кабуд мебастанд. Онро пеш-пеши тобут то гӯристон мебурданд ва баъд аз дафн боз гардонида ба хона меоварданд. Аспро ба ҳамон ҳолат то се рӯз дар ҷойи ба назар намоёни ҳавлӣ мебастанд ва баъди маросими себегаҳа аспро аз азодорӣ мебароварданд. Инчунин дар ҳавлии шахси вафоткарда шохи баландтарини дарахти шинондаи майитаро бо банда баста, ба замин хам мекарданд ва нӯги бандро ба мехи дар замин кӯфта мебастанд. Ба шохи дигари дарахт латтаи сиёҳ ва кабуд мебастанд, ки нишони мотамро ифода мекард. «Азодории дарахт» низ то се рӯз давом меёфт.
Маросими оши сол низ ба монанди маъракаи чил нисбатан калону серодам мегузашт. Оши сол ҷамъбасти азодорӣ ба шумор мерафт. Пас аз он ҳамаи амалҳои мамнуъ иҷозат дода мешуд. Минбаъд ҳар сол дар рӯзи вафоти шахс дар шакли ёдбуд маросими хурди хонаводагӣ созмон медоданд, ки камхарҷтар буд. Шахсони доро ягон чорпои хурдро хун мекарданд ва якчанд нафар наздиконро даъват менамуданд. Маросимҳои азодорӣ дар замони ҳукумати Шӯравӣ як андоза маҳдуд ва камрангтар шуданд. Пас аз истиқлоли Тоҷикистон ва махсусан, баъд аз тасвиби «Қонун дар бораи танзими расму ойинҳо» бо хоҳишу талаби худи мардум бисёр маросиму одатҳои зиёдатии серхарҷ барҳам дода шуданд, ки ин амр ба оилаҳои азодор сабукиҳо овард.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бабаева Н. С. Древние верования горных таджиков южного Таджикистана в похоронно-поглебалной обрядности (конец ХIХ — начало ХХ в.в.). Д., 1993;
- Мардонова А. Традиционные похоронно-поминальные обряды таджиков Гиссарской долины (конца ХIХ — начала ХХ в.в.). Д., 1998;
- Писарчик А. К. Смерть, похороны // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3. Д., 1976, с. 118—165;
- Неменова Р. Л. Таджики Варзоба Д., 1998;
- Хамиджанова М. А. Некоторые архаические погребальные обряды таджиков // Памяти А. А. Семенова. Сб. статей. Д., 1980, с. 287—293.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Азодорӣ / Д. Раҳимов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.