Азотандӯзҳо
Азотандӯзҳо — аз отфиксаторҳо, навъе аз микроорганизмҳо. Азотандӯзҳо нитрогени ҳаворо аз худ карда, пайвастҳои мураккаби нитрогении барои ғизои рустанӣ мувофиқро ҳосил менамоянд. Нитроген аз ҷумлаи элементҳои муҳими ғизои рустанӣ ва омили ҳосилхезии хок мебошад. Захираи нитрогени барои рустанӣ дастрас чандон зиёд нест. Бинобар ин истифодаи оқилонаи замин на фақат боиси кам нашудан, балки сабаби афзудани миқдори нитрогени он низ мегардад. Соли 1866 олими рус М. С. Воронин дар решаи рустаниҳои ғилофакдор як навъ бактерияҳоро мушоҳида намуда, ба хулосае омад, ки маҳз ҳамин бактерияҳо сабаби пайдоиши лӯндаҳои реша мебошанд. Дар ҳар га замини кишти рустаниҳои ғилофакдор соле зиёда аз 100 – 250 кг нитрогени ҳаво аз худ мешавад (аз ин миқдор тақрибан 30% дар хок боқӣ мемонад). Азотобактер, баъзе актиномисетҳо, олигонитрофилҳо, микобактерияҳо ва ғайра аз ҷумлаи азотандӯзҳо мебошанд. Бисёр намуди обсабзҳо, баъзе занбӯруғҳо, хамирмоя ва спирохетҳо низ қобилияти азотандӯзӣ доранд. Азотандӯзҳо баҳри гардиши нитрогени табиат, аз ҷумла барои ба рустаниҳо дастрас намудани нитрогени ҳаво мусоидат менамоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.