Jump to content

Айдаред

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Айдаред — навъе аз себ. Бори аввал Л. Вернер дар штати Айдаҳои ШМА бо роҳи дурагакунии навъҳои Ҷонатан ва Вагнер рӯёндааст. Дарахташ зудсабзи миёнақад, шохаҳояш паҳну парешон. Мевааш миёнаҳаҷм (вазнаш 140 – 160 г), пӯсташ нафиси ҳамвор, рангаш сабзча, баъди пухтан зардтоб мешавад; мағзаш сафед, сероб, таъмаш туршча, хушбӯй. Аз ҳар га боғоти он 180 – 230 сентнер ҳосил гирифтан мумкин. Барои хуб гардолуд шудан онро бо навъҳои Банани зимистона, Ренет Симиренко, Голден Делишес, Ред Делишес якҷоя мешинонанд. Парвариши айдаред дар Тоҷикистон чун навъи ояндадор тавсия шудааст. Дар қитъаи таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткорӣ ниҳоли аз тухмӣ рӯидааш дар 6 – 7-солагӣ, дар пайвандтакҳои реза бошад, дар 3 – 5-солагӣ ҳосил додааст. Дар шароити иқлими Тоҷикистон мевааш даҳаи дуюм ва сеюми сент. мепазад. Меваашро тару тоза мехӯранд, барои ба ҷойҳои дур кашондан мувофиқ аст (онро 3 – 4 моҳ нигоҳ доштан мумкин). Ба касалии гарда ва тосак нисбатан тобовар мебошад.

  • Сорта плодовых культур, Кишинёв, 1985.