Jump to content

Рихард Вагнер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вагнер)
Рихард Вагнер
олмонӣ: Richard Wagner
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд олмонӣ: Wilhelm Richard Wagner
Таърихи таваллуд 22 май 1813(1813-05-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 феврал 1883(1883-02-13)[1][2][3][…] (69 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1832
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, либреттонавис, раҳбари мусиқӣ, мақоланавис, коргардони театр, зиндагиноманавис, шоир, пиёнунавоз, мунаққиди мусиқӣ, ҳаррӯзноманавис, нависанда
Соз фортепиано
Сабк опера, choral symphony[d] ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
Bavarian Maximilian Order for Science and Art
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор
Осор дар Викитека

Вилгелм Рихард Вагнер (олмонӣ: Richard Wagner) (22.5.1813, Лейпсиг – 13.2.1883, Венетсия) — оҳангсоз (композитор), дирижёр, мусиқишинос ва санъатшиноси олмонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодиаш аз 15-солагӣ сар шуда, дар ибтидои эҷодиёт (1828–32) якчанд асари созӣ, аз ҷумла симфония (1832) ва увертюраи «Полша»-ро (1832) офарид. Аз соли 1831 донишҷӯи Донишкадаи Лейпсиг; 1833 хормейстери Театри Вюрсбург, баъд дирижёри театрҳои Магденбург (1834–36), Кёнигсберг (1837), Рига (1837–39) буд. Дар асарҳои аввалинаш таъсири К. М. Вебер эҳсос мешавад. Солҳои 1839–42 дар Порис зиндагӣ карда, аввалин асарҳои комили худ – увертюраи «Фауст» (1842) ва операи «Ҳолландии парон»-ро (1842) навишт. Солҳои 1843–49 дирижёри театри дарбории Дрезден буд ва дар асоси ривоятҳои асримиёнагӣ операҳои «Танҳайзер» (1843–45) ва «Лоэнгрин»-ро (1845–48) эҷод кард. Соли 1849 ба Швейсария муҳоҷират намуд. То соли 1858 асосан дар Сюрих зиста, силсилаи операи «Ангуштарини нибелунг»-ро навишт. Пас аз саргардонии зиёд (1859–64) бо даъвати подшоҳи Бавария Людвиги II ба Мюнхен омад. Соли 1868 дар Мюнхен операи ӯ «Мутрибони нюберингӣ» ба саҳна гузошта шуд. Солҳои 1871–74 қисмҳои охирини «Ангуштарини нибелунг»-ро таҳия намуд. Солҳои 1872–82 дар шаҳраки Байрейти Бавария зиндагӣ карда, дар он ҷо театри мусиқии шахсии худро кушод, ки дар он танҳо асарҳои ӯ иҷро мешуданд. Театр соли 1876 бо садо додани тетралогияи «Ангуштарини нибелунг» таҳти дирижёрии В. ба фаъолият шурӯъ намуд. Ин эпопеяи миқёсан беназир (қисми дувум – «Зигфрид», 1871; севум – «Шоми худоён», 1874; чорум драма-мистерияи «Пасифал», 1882, Байрейт) аз рӯйи асотири олмониву скандинавиягӣ навишта шудааст.

Нақши Вагнер дар ислоҳоти санъати опера хеле бузург аст. Ӯ операро бо драмаи мусиқӣ мутобиқ намуда, барои симфониякунонии опера хидмати бузург кард, ҳайати оркестрро миқдоран зиёд ва нақши гурӯҳҳои алоҳидаро ба таври нав муайян намуд. Дар асарҳои назариявиаш, хусусан, дар «Санъат ва револютсия» (1849), «Асари бадеии замони оянда» (1850), «Опера ва драма» (1851) кӯшиш кардааст, ки санъатро бо ҳаёти ҷамъият алоқаманд намояд. Эҷодиёти Вагнер ба бисёр оҳангсозони ду насли баъдии Аврупо таъсир кардааст.

  • Моя жизнь. Мемуары. Письма. Дневники.Обращение к друзьям. В 4 т. М.,1911–12.
  • Капп. Ю. Р. Вагнер. М., 1913;
  • Курт Э. Романтическая гармония и её кризис в «Тристане» Вагнера. М., 1975;
  • Левик Б. Р. Вагнер. М., 1978;
  • Рихард Вагнер: Сб. статей. М.. 1987;
  • Лиштанберже А. Р. Вагнер как поэт и мыслитель. М., 1997;
  • Грей Г. Вагнер. Челябинск, 2000.
  • Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 77. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)