Айманҷон Анваров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Айманҷон Анваров

Айманҷон Анваров (Анваров Айманҷон Ковланҷонович; 8 декабри 1939, Душанбе – 23январи 2002, ҳамон ҷо) — терапевт, доктори илми тиб (1998), профессор (2000).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДТТ; 1965). Духтури терапевти беморхонаи минтақавии хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Ленин (ҳоз. Рӯдакӣ; 1965 – 66), ординатори кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии ИДТТ (1966 – 67), аспиранти кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони шаҳри Москва (1967 – 70), ассистенти кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии ИДТТ (1970 – 74), сардухтури Хонаи маорифи санитарии ҷумҳуриявӣ (1974 – 78), сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 (1978 – 79), ассистент, дотсент (1979 – 87) ва мудири кафедраи беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустии ДДТТ (1987 – 2002). Муаллифи зиёда аз 140 корҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография ва 30 дастури методист, ки ба масъалаҳои беҳдошти иҷтимоӣ ва ташкили тандурустӣ, менеҷменти молиявӣ бахшида шудаанд. А. асосгузори мактаби илмии беҳдошти иҷтимоӣ аст. Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Мукофоту медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Ветерани меҳнат», «Нишони фахрии Салиби Сурх» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]