Jump to content

Айритом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Айритом
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Айритом, Ҳайратон — харобаи (димнаи) шаҳри қадима дар 18 км шарқтари шаҳри Тирмиз, воқеъ дар соҳили рости дарёи Аму.

Соли 1932 дар теппаи асосии Айритом (50 × 30 м) тасодуфан арақаи сангӣ ёфт шуд. Аз соли 1933 омӯзиши мунтазами он оғоз ёфт. Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки масоҳати Айритом 3000 × 300 м буда, қад-қади дарё ба масофаи 2,5 км кашол ёфтааст. Солҳои 1933 — 37 экспедитсияи археологӣ бо сардории М. Е. Массон 7 арақа ёфт. Дар онҳо духтарон ва ҷавонон акс ёфтаанд, ки ҷуфтнай, чилтор, уд, табл менавозанд ва дар даст ҳадя, гулчанбар, мева ва зарфҳо доранд. Ин арақаҳо аз рӯи услуб ва амал ба санъати кушонӣ тааллуқ дошта, ба ёдгориҳои садаи I Ҳиндустони Шимолӣ хеле монанданд ва намунаи барҷастаи санъати қадимаи ҳайкалтарошии Осиёи Миёна мебошанд. Дар айритом солҳои 1963 — 66 экспедитсияи Институти санъатшиносии Узбакистон ҳафриёт гузаронд. Айритом тахминан 500 сол вуҷуд доштааст. Дар ин хусус зарфҳои сафолин ва тангаҳои подшоҳони Юнону Бохтар ва Кушон шаҳодат медиҳанд. Дар айритом садаи II то м. бо мақсади мудофиаи шаҳр аз ҳуҷуми душманон истеҳкоми калони похсагӣ сохтаанд. Дар майдони қариб 15 га хонаҳо ёфт шуданд, ки деворҳои ғафсу баланд доранд. Баъзеи онҳо эҳтимол анбори аслиҳа будаанд. Чунин хонаҳо дар надоранд. Ба дохили онҳо фақат бо нардбон даромадан мумкин аст.

Соли 1938 дар Айритом харобаи ибодатхонаи буддоӣ ёфт шуд, ки ба асрҳои 1 — 2 мансуб аст. Ибодатхона аз хонаҳои даруну берун, ҳуҷраҳои роҳибон, ҳайкали Буддо, суффаҳои баланди хиштин иборат аст. Қабристони қадимае мансуб ба охири садаи II то мелод ва ибтидои садаи I мелодӣ низ ёфт шуд. Дар қабре устухони ҷанговар бо яроқу аслиҳа, зарфҳо ва устухони зане пайдо гардид, ки бо либосаш ҳамроҳи ҷанговар дафн шудааст. Қабристони Айритом барои омӯхтани сохти антропологии аҷдоди мо, урфу одатҳои маросими дафн маълумоти қиматбаҳо дод.