Арақаи Айритом
Макони кунунӣ | |
---|---|
Нигоҳ дошта мешавад дар коллексия | Hermitage Museum[d] |
Таърихи кашф | 1932[1] |
Макони кашф | Ayrtam complex[d] |
Тавзеҳот дар сомонаи | warfare.ga/Ancien…(англ.) |
Арақаи Айритом, Арақаи Ҳайратон — арақаи сангинест, ки дар болои даромадгоҳи маъбади буддоии шаҳри қадимӣ садаҳои I—II мелодӣ гузошта шуда буд. Ҳоло харобаи онро Айритом ё Ҳайратон меноманд, ки 18 км шарқтари шаҳри Тирмиз воқеъ аст.
Арақаи Айритомро соли 1933 марзбонон тасодуфан дар соҳили рӯди Аму ёфтанд. Арақаи сангин тақрибан 0,5 м баландӣ дорад; дар рӯи он ду қатор баргҳои калони кунгур ва дар байни қатори болоии баргҳо тасвири тосарисинагии панҷ нафар машшоқон ва ҳашт нафар назроварон канда шудаанд. Тасвири релефии ҷуссаҳо чунон барҷаста аст, ки он қариб ба муҷассама шабоҳат дорад. Аксари персонажҳо аз ҷинси зан мебошанд. Машшоқон созҳои мусиқии уд, қӯшнай, санҷ, табл ва чилтор менавозанд. Назроварон дар даст мева, гулшадда ва зарфҳо доранд. Симои зоҳирии персонажҳои Арақаи Айритом хеле ҷолиби диққат аст. Онҳо рӯи кулча, чашмони калони қадре бодомӣ, абрӯвони камоншакл, биниҳои росту кӯтоҳ, даҳони хурд, манаҳҳои сергӯшт доранд. Кулоҳҳои гуногуни қиматбаҳо, тавқи гардан, гӯшвораю шаддаи мӯҳраҳои мураккабшакл, либоси музайян бо ҷузвиёти майда хеле воқеӣ тасвир шудаанд. Созҳои мусиқии дар даст доштаи машшоқон барои омӯхтани санъати қадими мусиқии маҳал аҳамияти калон доранд. Арақаи Айритом аз рӯи услуб ва амал мансуби санъати кушониён буда, ба ёдгориҳои садаи I шимоли Ҳиндустон хеле монанд аст ва намунаи олии саънати қадими муҷассамасозии Осиёи Миёна мебошад. Олимон муайян кардаанд, ки мазмуни Арақаи Айритом ба гуфтор дар бораи Фавти Кабири Буддои Гаутама «Паринирвана-ҷатака» вобаста аст; машшоқон панчамаҳашабдаи ба шакли инсонӣ даровардашудаанд, ки панҷ Садои кабири асотири ҳиндиро ифода мекунанд, назроварон дэ вапутра, яъне духтарони назровари осмонианд. Агар машшоқон бо гармонияи осмонӣ самъи Буддоро роҳат диҳанд, назроварон ба роҳи ӯ гул пошида муаттар мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арақаи Айритом / Ӯ. Пӯлодов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Массон М. Е., Находка фрагмента скульптурного карниза первых веков н. э., Ташкент, 1933;
- Массон М. Е., Скульптура Айртама, «Искусство», 1935, № 2;
- Пугаченкова Г. А., Искусство Бактрии эпохи кушан, М., 1979.