Акбар Мирраҷабов
Акбар Мирраҷабов | |
Таърихи таваллуд | 2 март 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ | |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Ҷоизаҳо |
Шаблон:Ордени «Дӯстӣ» Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002) |
Акбар Мирраҷабов (зод. 2 марти 1958, деҳаи Далёни Боло, ноҳияи Ғончӣ) — овозхони опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Акбар Мирраҷабов баъд аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода cоли 1984 яккахони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ӯ дар саҳнаи театр зиёда аз 50 нақш дар операҳо, мисли Суҳроб, Мадан, Ленский, Сеган, Дон, Оттавио, Ликов, Герсог, Алфред, Рудолф, Рӯдакӣ, Ҳайдарбек, Хосе дар таҳияи композиторон Талабхӯҷа Сатторов, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Чайковский, Рахманинов, Мотсарт, Римский-Корсаков, Верди, Пуччини ва диг. офаридааст. Солҳои 1987—1988 маҳорати сарояндагии хешро дар театрҳои Москва ва Минск сайқал додааст. Бо маҳорати баланд суруд ва арияҳои композиторони тоҷик, рус ва аврупоиро ба забонҳо тоҷикӣ, русӣ, итолиёӣ месарояд. Ӯ иштирокдори чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Москва, Ленинград ва Ӯзбекистон буд. Ҷоизадори озмуни сарояндагони Осиёи Марказӣ (Алма-Ато, 1991), озмуни байналхалқии ба номи Шаляпин (ш. Казон, ФР), озмунҳои сарояндагон дар ш. Сочи ва ш. Зеленоград буд. Бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Cомонаи театр Акбар Мирраҷабов. 6 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2017.
- Зодагони 2 март
- Зодагони соли 1959
- Зодагони Тоҷикистон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Ҳунармандони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ