Зиёдулло Шаҳидӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Зиёдулло Шаҳидӣ
Зиёдулло Шаҳидӣ
Shahidi.jpg
Зодрӯз 4 майи соли 1914
Зодгоҳ ш. Самарқанд
Даргузашт 25 феврали соли 1985
Пеша оҳангсоз

Зиёдулло Шаҳидӣ - (4 майи соли 1914, ш. Самарқанд25 феврали соли 1985, ш. Душанбе) арбоби ҷамъиятию фарҳангӣ, оҳангсоз. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1964), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1985), раиси раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон (1956-1960).

Ҳолнома[вироиш]

Аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии тоҷик аст, ки дар Самарқанди бостонӣ дар хонаводаи ҳунарпеша, мутриби шинохтаву варзида Муқаддасхон дида ба олам кушодааст. Соли 1939 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст ва ба ҳайси роҳбари ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии тоҷик (1939-1952) кор кардааст. Ӯ аз оҳангсозони барҷастаи рус Александр Степанович Ленский ва Сергей Баласанян дарси композитсия омӯхтааст (1943-1946). Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи Москва (1949) ва шӯъбаи миллии Консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Зиёдулло Шаҳидӣ ба омӯзиши касбу ҳунар худро маъмур ҳисобид ва тадриҷан пеши хунёгарони номии Иттиҳодии Шӯравӣ дарси ҳунару маҳорат омӯхт. Соли 1957 баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри Москва аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст. Аз нимаи дуюми солњои 60-ум Зиёдулло Шаҳидӣ бештар ба жанри симфонї мароқ зоҳир менамояд. Бояд зикр намуд, ки охири солњои 60-ум –70-ум бисёр композиторони тоҷик ба Шашмақом рў меоварданд. Новобаста аз он, ки дар ибтидо ӯ касбияти мусиқии суннатии тоҷик, аз љумла Шашмақомро эътироф накард (ниг.: Ҷамъбасти мубоҳиса доир ба масъалањои инкишофи мусиқии тоҷик (ҷавоб ба З. Шањидӣ //Точикистони Советӣ, 6 май, 1957), баъдтар ў муносибати хешро нисбат ба ин шоҳасар тағйир медињад ва дар љодаи маќоми симфонӣ достони «Бузрук» ва «Симфонияи мақомҳо»-ро меофарад. Асари «Симфонияи мақомҳо» дар съезди VI Иттифоқи композиторони СССР ва симпозиуми байналмилалии мусиқишиносон бахшида ба мақомот (Самарқанд, 1983) садо дод ва дорои тақризҳои хеле хуб гашт. Охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум марҳилаи пуравҷи фаъолияти эҷодии композитор мебошад. Ӯ асарҳои калонҳаҷми достони симфонии «Ба хотираи М. Турсунзода» (1979), операи «Ѓуломон» аз рӯи асари С. Айнӣ (1979), ораторияи «Дар васфи Ленин»(1981)-ро бар шеърҳои С. Айнӣ ва М. Турсунзода эҷод мекунад. З. Шаҳидӣ дар корҳои раёсати Иттифоқи композиторон ҳам фаъол буда, солҳои 1956-1960 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторон кор кардааст.[1]

Осор[вироиш]

Асарҳои саҳнавӣ[вироиш]

1960 – «Комде и Мадан». Опера по поэме А. Бедиля. Либретто 

А. Дехоти – Москва: «Советский композитор» – 1982. 1979-1980 – «Ѓуломон». Опера Либреттои И. Луковский. Даст- навис.

Асарҳои симфонӣ[вироиш]

  • 1952 – «Муҳайяр». Коркарди оҳанги классикӣ. Дастнавис.
  • 1956 – Сюитаи симфонӣ №1. Дастнавис.
  • 1961 – Сюитаи симфонӣ №2. Дастнавис.
  • 1964 – Сюитаи симфонӣ №3. Дастнавис.
  • 1967 – Достони симфонӣ «Соли 1917». Дастнавис.
  • 1968 – Сюитаи симфонӣ №4. Дастнавис.
  • 1968 – «Суруди кӯҳсорон» («Бачагона»). Дастнавис.
  • 1975 – Сюитаи симфонӣ №5. Дастнавис.
  • 1976 – Достони симфонии «Бузрук». Дастнавис.
  • 1977 – «Симфония макомов». Москва, «Советский композитор»,1984.
  • 1984 – «Достони тантанавӣ» барои оркестри симфонӣ. Дастнавис.

Достонҳои вокалӣ-симфонӣ[вироиш]

  • 1978 – Достони вокалӣ-симфонӣ барои тенор, хори занона ва оркестри симфонӣ бар ашъори М. Турсунзода. Ба хотираи М. Турсунзода. Дастнавис.
  • 1980 – «Ибни Сино», достони вокалӣ-симфонӣ барои тенор, хори занона ва оркестри симфонӣ бар ашъори Ибни Сино. Дастнавис.

Кантатаву ораторияҳо[вироиш]

  • 1949 – «Кӯдакони Октябр», кантатаи якқисма барои хори омех-
  • та ва оркестри симфонӣ, шеъри Б. Раҳимзода. Дастнавис.
  • 1949 – Кантата барои хор, шеъри М. Миршакар. Дастнавис.
  • 1957 – «Зодагони Октябр», кантатаи якқисма барои тенор, сопрано, хор ва фортепиано, шеъри Ф. Ансори. Дастнавис.
  • 1964 – «Кантатаи идона» барои хори омехтаи чаҳоровоза, шеъри Б. Раҳимзода. Дастнавис.
  • 1974 – «Ленин – хуршеди мо», суруд-кантатаи якқисма барои те-
  • нор, хор ва оркестри симфонӣ, шеъри Ф. Ансорӣ. Дастнавис.
  • 1982 – «Ба васфи Ленин», оратория барои тенор, баритон, хор ва оркестри симфонӣ. Дастнавис.
  • Сюитаҳои вокалӣ-хореографӣ:
  • 1940 – «Айёми хуш». Барои ансамбли тарона ва рақс. Шеъри халқ. Дастнавис.
  • 1958 – «Тӯй дар пахтазор». Шеъри Ф. Ансорӣ. Барои ансамбли ҳофизон, яккахонон ва гурӯҳи созҳои халқӣ. Дастнавис.
  • 1968 – «Баҳор ва ҷавонӣ», шеърҳои Б. Раҳимзода ва Ф. Ансорӣ.Барои ансамбли рубобчидухтарон. Дастнавис.
  • 1968 – «Сюитаи ҷавонӣ», шеъри Б. Раҳимзода. Барои гурӯҳи ҳаваскорон. Дастнавис.
  • 1968 – «Пахта», шеъри Б. Раҳимзода. Дастнавис.
  • 1980 – «Зани озоди Шарқ». Барои яккахон, хор ва ансамбли созҳои халқӣ. Дастнавис.
  • 1981 – «Ба истиқболи баҳор», шеъри М. Турсунзода. Барои ансамбли рубобчидухтарон. Дастнавис.

Асарҳои камеравӣ-созӣ[вироиш]

  • 1944 – Се пйесаи лирикӣ барои скрипка ва фортепиано. 1945 – Рондо барои скрипка ва фортепиано. – Душанбе: «Ирфон» – 1967.
  • 1946 – «Алла» барои квартети торӣ. Дастнавис.
  • 1948 – Пйесаҳои бачагона барои фортепиано дар асоси оҳангҳои
  • халқӣ. Дастнавис.
  • 1950 – «Суруди бе матн» барои скрипка ва фортепиано.
  • 1952 – Пйеса барои скрипка. Дастнавис.
  • 1952 – Фуга ва вариатсияҳо барои фортепиано. Дастнавис.
  • 1953 – «Дар кӯҳсор», романс барои виолончел ва фортепиано.
  • Дастнавис.
  • 1953 – «Рақси тоҷикӣ», «Дар кӯҳхои Помир», пйесаҳо барои
  • флейта ва фортепиано. Дастнавис.
  • 1976 – Романс-достон барои скрипка ва фортепиано. Дастнавис.
  • 1981 – Квартет барои созҳои созӣ дар се қисм. Дастнавис.

Мусиқӣ барои намоишномаҳои театрӣ[вироиш]

  • «Розия», мазҳакаи мусиқӣ дар ҳаммуалифӣ бо С. Баласанян. Ли-
  • бреттои Е. Акубҷонова, Н. Зеланский. Дастнавис. (1942).
  • «Санавбар», драмаи Р. Ҷалил. Дастнавис. (1960).
  • «Духтаре аз Душанбе», мазҳакаи мусиқӣ. Либреттои Ш. Қиёмов
  • ва Б. Раҳимзода. Дастнавис.
  • «Арӯси панҷсӯма», пйесаи М. Урдубодӣ.
  • «Муаллими муҳаббат», пйесаи М. Миршакар.
  • «Сартароши хапак», пйесаи Ҷ. Икромӣ.
  • «Қасами модар», пйесаи Ф. Ансорӣ.
  • «Алишер Навоӣ», пйесаи А. Ӯйѓун ва И. Султонов.
  • «Шаби 28-ум», пйесаи Ҷ. Икромӣ.
  • «Шаҳри ман», пйесаи М. Миршакар.
  • «Достони ҳофиз», дар ҳаммуаллифӣ бо М. Муравин, пйесаи Ф.
  • Тошмуҳаммадов.

Мусиқӣ барои кино[вироиш]

  • «Писар бояд зан гирад» дар ҳаммуаллифӣ бо Ю. Тер-Осипов.
  • «Дӯстам Наврӯзов», дар ҳаммуаллифӣ бо А. Бобоев.
  • «Марги судхӯр», дар ҳаммуаллифӣ бо Т. Шаҳидӣ.
  • «Ҳеҷ будагон» дар ҳаммуаллифӣ бо Т. Шаҳидӣ.[2]
  • == Мероси оҳангзоз ==

Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин афроде буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо созу навои симфонии аврупоӣ омезиш дод ва дар навиштани опера чира шуд. Нахустин асари калонҳаҷми ӯ операи “Комде ва Мадан” буд, ки барояш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин опера, ки соли 1961 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд, аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шуд ва аз ҷониби мунаққидони санъати мусиқӣ баҳои арзишманд гирифт.[3] Гузашта аз ин барои ин опера муаллиф ба дарёфти ҷоизаи давлатӣ мушарраф гардид. “Комде ва Мадан” аз ҷумлаи машҳуртарин ва маъруфтарин асарҳоест, ки тақрибан ҳар сол мавсими театриро дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳ мекунад. «Комде ва Мадан» ҳамчунин дар саҳнаи театрҳои Ӯзбакистон, аз ҷумла дар зодгоҳи оҳангзоз шаҳри Самарқанд ба саҳна гузошта шудааст. Дар бораи шӯҳрати операи «Комде ва Мадан» мусиқишмносони аврупоӣ чунин нигошта буданд: «То ҳанӯз аврупоиён операе эҷод накардаанд, ки мавзӯяш мусолиҳаи ду дин ва ду фарҳанг бошад. Дар ин опера ҳамчунин мусиқии исломӣ ва мусиқии ҳиндӣ ҳамоҳанг шудаанд. Он чиро, ки мо меҷӯем, шумо (манзур - халқи тоҷ.) барвақт ёфтаед ва ба он комёб гардидаед». Бузургтарин сарвати Шаҳидии марҳум асарҳои ҷовидона, шогирдон ва пайравонаш мебошанд.

Ҳамчунин дар иҷрои Оркестри калони симфонии радио ва телевизиони Москва дар солҳои 70 сабт шудаву солҳои 80 дар қалби Иттиҳоди Шӯравӣ интишор ёфтааст. Зиёдулло Шаҳидӣ асарҳое дорад, ки замоне машҳуртарин ҳунармандони кишвар Муқаддас Набиева, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова ва дигарон сароидаанд ва ҳоло ин сурудаҳо фонди тиллоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.[3]

Мукофоту ҷоизаҳо[вироиш]

4 маротиба вакили Шӯрои Олии СССР интихоб шуда, дар ҳамаи даҳаҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Москва солҳои (1941, 1949,1957) иштирок намудааст.

Ёдбуд[вироиш]

Оҳангсози шинохта соли 1985 дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст ва тибқи васияташ хонаи ӯ ба осорхонаи эҷодиёташ табдил ёфт. Яке аз кӯчаҳои ш. Душанбе ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ба номаш гузошта шудаанд. Дар ш. Душанбе аз соли 1996 осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусмусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ таъсис ёфтааст.

Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маҷмӯъаи асарҳои мусиқии ӯ интишор ёфанд. Таронаҳои Шаҳидӣ мухлисонашро як бори дигар ба ёди ӯ бурданд ва фазои солҳои 70-80 қарни гузаштаро дар гӯшаи хотири худ зинда карданд. Миёни ин асарҳо таронаҳои ба дидаву дили мардум наздики «Муҳҳабат», «Хонаи мо», «Ситораи ман», романси «Сӣ сузи сина» ва ғайраҳо, ки замоне аз пуршунавандатарин таронаҳо дар барномаҳои радио ва телевизиони кишвар буданд, ҷо дода шуданд. Ҳунарпешаҳои имрӯзаи кишвар таронаҳои Зиёдулло Шаҳидиро аз нав эҳё намуда сароиданду аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шудаанд. Соли 2014 бузургдошти 100-солагии устод Зиёдулло Шаҳидӣ бо Қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор мегардад.[4][5]

Яке аз пайгирони оҳангсоз фарзанди баруманди ӯ Толиб Шаҳидӣ ва дигар наберааш Табрез Шаҳидӣ аст. Толиб Шаҳидӣ аз пайравони ростини роҳи падар аст ва заҳамоташ бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қадр шудааст. Табрез низ аз ҷумлаи оҳангсозони насли навини кишвар аст, ки дар ш. Москва кору эҷод мекунад.[3]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 254-256
  2. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 256-258
  3. 3.0 3.1 3.2 http://tojnews.org/chehra-ziyodullo-shahidi
  4. http://www.farhang.tj/index.php/buzurgdosht-1
  5. http://www.farhang.tj/index.php/buzurgdosht-1/85-tochiki/nabzi-far-ang/187-o-ang-o-dar-mav-i-khurshed