Аквариум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Аквариум

Аква́риум (лот. aquarium) — зарфи шишагин барои нигоҳ дош тану зиёд намудани ҳайвоноту набототи обӣ.

Сохти аквариум[вироиш]

Аквариумҳо шишагини гирд ва чандкунҷа мешаванд. Баъзе навъҳои аквариум ороишӣ буда, онро ба девор меовезанд.

Ҳаҷми аквариум[вироиш]

Ҳаҷми аквариум бояд ба навъ ва миқдори моҳӣ мувофиқат кунад. Дар аквариумҳои калон оксигенро ба воситаи компрессорҳои махсус, дар аквариумҳои хурд бошад, бо моторча мефиристанд. Бо мақсади сероксиген шудани оби аквариум дар он растаниҳои гуногуни обиро мепарваранд (растаниҳо зери таъсири рӯшноӣ гази карбонатро фурӯ бурда, гази оксигенро хориҷ мекунанд). Дар мавриди дуруст будани таносуби моҳичаҳо ва растанӣ «мувозанати биологӣ» ба вуҷуд омада, барои иваз ё бо оксиген таъмин намудани об зарурат намемонад (фақат сари ҳар чанд вақт шишаи Аквариумро тоза карда, каме об рехтан кофист). Аквариумро бо лампа равшан ва гарм мекунанд. Онро аз боло дар қисми пеш ё ду тарафи аквариум мегузоранд.

Растаниҳои аквариумӣ[вироиш]

Ба растаниҳое, ки дар аквариум мешинонанд, риччия, салвинил, карам ва сунбули обӣ (дар рӯи об меистанд), фонтиналис, сарахси обӣ, наскобӣ (элодея), марсилия, амбулия, монетиниса (дар қабати об меистанд), гигрофила, валлиснерия, эхинодорус, апоногетон (дар реги зери аквариум реша меронанд) ва ғайра мансубанд. Растаниҳои худрӯи ботлоқро қабл аз ҷой доданашон дар аквариум шустан лозим аст. Ба зери аквариум як қабат шағал, сипас аз болояш рег рехтан беҳтар мебошад.

Моҳиҳои аквариумӣ[вироиш]

Моҳиҳои аквариумӣ хеле гуногунанд:

  • макропода
  • лялиус
  • неон
  • грасилис
  • орнатус
  • серпас
  • карас
  • лин
  • ратан
  • зармоҳӣ
  • телескоп
  • комета ва ғайра

Дар аквариум ба ҳар моҳичаи дарозиаш 3 – 4 см 2 летр об лозим аст. Ба моҳичаҳо ғизои хушк (кирминаи хушки хомӯшак, кайки обӣ, гамарус), ҳалқакирм, кайки обӣ (бо кирминааш), сиклоп, инфузория, кирминаи хомӯшак ва ғайра медиҳанд. Ба моҳиҳои калон рӯзе 1 – 2 бор ва ба моҳичаҳо зуд-зуд ғизо бояд дод. Дар Аквариуме, ки ҳаво намерасад ё обаш ифлос буда, аз ҳад зиёд гарм ё хунук аст, моҳичаҳо касал ва нобуд мешаванд.


Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.