Аквондев
Аквондев — аквони дев, яке аз офариниши бад, девест, ки дар қиссаву ривоятҳои мардуми эронинажод ба назар мерасад ва дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ амал менамояд. Аквондев дар «Шоҳнома» махлуқи зиштсурату бадниҳод, сеҳрангезу ҳавлнокест. Аз кирдори бади ӯ (вай ба шакли гӯрхар даромада аспони галаро азоб медод) галабонон ба шоҳ Кайхусрав хабар доданд. Кайхусрав барои маҳв кардани аквондев Рустамро фаро хонд. Рустам ҳарчанд кӯшид, аквондевро дастгир карда ва кушта натавонист. Хаставу бемадор дар сарчашмае ба хоб рафт. Аквондев ба сари Рустам омад ва ӯро бо он порчаи замине, ки дар рӯяш хуфта буд, ба ҳаво бардошт. Аз Рустам пурсид, ки ӯро ба дарё андозад ё ба кӯҳ? Рустам баръакс будани кори девонро медонист, аз ин рӯ, хост, ки вайро ба кӯҳ афканад. Аквондев Рустамро ба дарё партофт ва ӯ аз он ҷо ба саломат берун омад. Бори дуюм Рустам аквондевро дар сарчашма дарёфт ва сарашро бурид. Мақсади Абулқосими Фирдавсӣ дар қиссаи аквондев мубориза бо нерӯҳои бад, мардуми зишту офаридаҳои аҳриманхислат мебошад:
Ту мар девро мардуми бад шинос,
Касе, к-ӯ надорад зи Яздон сипос.
Ҳар он к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зи девон шумар, машмараш одамӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷ. 4, Д., 2008;
- Ёҳақӣ Муҳаммадҷаъфар, Фарҳанги асотир, Т., 1375 ҳ. ш.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.