Кайхусрав
Кайхусрав (Хатти ниёгон: کیخسرو) - шоҳест аз сулолаи Каёниён. Мувофиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҷойи бобои худ Кайковус ҳангоми зинда будани вай ба тахти подшоҳӣ соҳиб гардид. Дар Авесто («Яштҳо») ҳамчун шоҳу паҳлавони номдоре дар даҳ маврид аз зиндагиву аъмоли ӯ ёд карда мешавад. Мувофиқи ривоятҳои зардуштия Кайхусрав намиранда ва ҷовид буд. Гӯё аз ҳамин сабаб Кайхусрав бо марги худ аз байн нарафт. Бо чанде аз паҳлавонони Эрон ба кӯҳе равона гардид ва дар он ҷо ба ғоре даромада, беному нишон нопадид шуд. Паҳлавононе, ки бо ӯ ҳамроҳ буданд, рӯзи дуюм пас аз ин воқеа зери барф монданд. Дар бораи Кайхусрав мисли дигар намояндагони Каёниён қиссаву ривоят ва асотир бисёранд[1]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. - Душанбе, 1963;
- Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. - М., 1956;
- Дьяконов М.М. Очерк истории древнего Ирана. - М., 1961;
- Кузьмина Е.Е. В стране Афрасиаба и Кавата. - М., 1977;
- Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004;
- С. Одина. Санои афсона. - Душанбе, 2006.
- Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. – Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
- Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». – Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.
Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 296 - 282
Шоҳномаи Фирдавсӣ |
---|
Қаҳрамонҳо |
Обтин | Ораш | Афросиёб | Исфандиёр | Фаридун | Гударз | Гурдофарид | Ҳушанг | Ҷамшед | Кова | Кай Хусрав | Каюмарс | Манучеҳр | Рахш | Руҳҳом | Рустам | Рустам Фаррухзод | Рудоба | Сом | Шағод | Симурғ | Сиёвуш | Сӯҳроб | Таҳмина | Таҳмурас | Зол | Заҳҳок |
Ҷойҳо |
Эрон | Турон |